Як сокини Душанбе барои фиреби зан ва интиқол ба Дубай гумонбар мешавад
Дар шаҳри Душанбе як зани 36-сола бо гумони даст доштан дар савдои одамон боздошт шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии зани 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, ба ӯ ҷойи кори сердаромадро ваъда кардааст.
Гуфта мешавад, ки баъдан ӯро ба шаҳри Дубай бурда, дар он ҷо ба истисмори шаҳвонӣ маҷбур кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ