Ярмаркаи маҳсулоти арзон бахшида ба Наврӯз ва Рамазон
Аз 14 то 20-уми март дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва Иди саиди Фитр ярмаркаи маҳсулоти арзони хӯрокворӣ ташкил карда мешавад.
Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, ҳадаф аз баргузории ярмаркаҳо ба танзим овардани нархи маҳсулоти ниёзи аввал аст. Ярмаркаҳо дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Сино, бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат” ва боғи Куруши Кабир доир мешаванд.
Сокинони пойтахт ва навоҳии гирду атроф аз ин ярмаркаҳо гӯшт, орд, равған, биринҷ, тухм ва ширро бо нархи нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ карда метавонанд. Аз ҷумла, нархи гӯшти гов дар ярмарка 65-75 сомонӣ, гӯшти мурғ 27 сомонӣ, равғани растании 5 литра 75-80 сомонӣ, шакар 8-10 сомонӣ, картошка 4-5 сомонӣ, шир 6 сомонӣ, биринҷ 11-15 сомонӣ ва пиёзу сабзӣ аз 1,5 то 2 сомонӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ