Котиби давлатии ИМА Марко Рубио ба Самарқанд омад
Ин сафари нахустини Марко Рубио баъди ишғоли мақоми Котиби давлатии ИМА ба Осиёи Марказӣ мебошад. Бо вай ҳамсараш вориди шаҳри Самарқанд шуд.
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷӣ дар формати “C5+1”, ки Иёлоти Муттаҳида ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро муттаҳид мекунад, иштирок хоҳад кард.
Дар ин ҷаласа нақши ҳамкории стратегӣ байни ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таҳкими сулҳ ва шукуфоӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин сафар Марко Рубио бо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом хоҳад дод.
Гуфта мешавад, дар айни ҳол котиби давлатиро беш аз 200 намояндаи тиҷорати амрикоӣ низ ҳамроҳӣ мекунанд. Ин сафар ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Самарқанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ