Бузургдошти 70-солагии шоири шаҳид Махсум Олимӣ дар зодгоҳаш (аксҳо)
Дар зодгоҳи шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ – деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ба муносибати 70-солагии зодрӯзи ӯ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарияти ноҳия, адибону донишмандон, пайвандону наздикони шоир, омӯзгорон, хонандагон ва сокинон иштирок карданд.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ, маҳфили адабӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздон доир шуд.
Қабл аз оғози маҳфил иштирокчиён ба зиёрати оромгоҳи Махсум Олимӣ рафтанд. Оромгоҳи шоир дар зодгоҳаш воқеъ буда, бо ташаббуси сокинони маҳалла ва пайвандони ӯ азнавсозӣ шудааст. Гирду атрофи он панҷарабандӣ гардида, қисматҳои мармарии оромгоҳ, ки бо гузашти солҳо осеб дида буданд, тармим шудаанд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода сухан карда, аз ҷойгоҳи Махсум Олимӣ дар адабиёти муосири тоҷик ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки гиромидошти хотираи адибоне, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ормонҳои ҷомеа ҷон бохтаанд, муҳим буда, омӯзиш ва тарғиби осори онҳо, махсусан миёни ҷавонон, бояд бештар ба роҳ монда шавад.


Гуфта мешавад, ки дар маҳфил директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ, адабиётшинос Баҳром Мирсаидов, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоир ва забоншинос Ҳасани Султон, шоир ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффори Абдуҷаббор, шоир Абдуҷаббори Суруш иштирок ва доир ба шахсият, хислатҳои инсонӣ ва ҷойгоҳи адабии Махсум Олимӣ суханронӣ карданд.
Дар фарҷоми маҳфил хонандагони муассисаи таълимӣ аз ашъори шоир намунаҳо қироат карда, барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Махсум Олимӣ Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппаро хатм карда, пас аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ, соли 1979 ба Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Москав) дохил шуда, соли 1983 ба итмом расондааст. Баъдан фаъолияти эҷодии мавсуф дар нашриёти «Ирфон» ва Радиои тоҷик идома ёфтааст.
Аввалин маҷмӯаи ашъори шоир «Бӯйи умед» соли 1985 ба дасти хонандагон расидааст. Соли 2013 мунтахаби ашъораш бо номи «Парвози нотамом» нашр гардид. Соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири нохалафон шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ