Боздошти се нафар бо гумони ҳамла ба марди 28 – сола
Дар Душанбе Равшан Исломов, Шерзод Исломов ва Фарҳод Имомов бо гумони авбошӣ дастгир шуданд. Ба иттилои мақомоти милитсия, Равшан Исломов қаблан низ барои ҷинояти мушобеҳ суд шудааст.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаби 17 октябри соли 2026 миёни ин афрод ва сокини 28-солаи пойтахт Ҳалимбой Қувватов муноқиша сар задааст. Баъдан онҳо мардро ба канори боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» бурдаанд.
Дар боғ Равшан Исломов бо корд чанд маротиба ба қисматҳои гуногуни бадани Қувватов зарба зада, ба ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расондааст.
Пас аз ҳодиса гумонбарон ба яке аз кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд. Ба иттилои милитсия, дар натиҷаи ҳамкории байнидавлатӣ онҳо боздошт шудаанд.
Аз рӯйи ин ҳодиса маводи зарурӣ тартиб дода шуда, санҷиши пешакӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ