Профессор Мушаррафа Ҷӯраева аз олам гузашт
Мушаррафа Ҷӯраева, профессор, устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар асари бемории саратон аз олам гузашт. Ӯ 61 сол дошт.
Яке аз пайвандони марҳум ба Pressa.tj гуфт, ки Мушаррафа Ҷӯраева субҳи имрӯз, 19 октябр дар шаҳри Душанбе гузашт. Ӯ ҳафт моҳ боз табобати бемории саратон мегирифт.
Ба гуфтаи пайвандонаш, ду фарзанди Мушаррафа Ҷӯраева дар Русия таҳсил мекунанд ва ба хотири расида омадани онҳо намози ҷаноза баъд аз намози асри имрӯз баргузор хоҳад шуд.
Маросими хайрбод бошад, дар назди манзилаш, рӯ ба рӯи бонки “Алиф” ва наздики гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов баргузор мешавад.
Мушаррафа Ҷӯраева 29-уми августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1993 фаъолияти омӯзгорӣ ва илмии худро дар ин донишгоҳ идома додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ