Тарси ман аз марди номард аст
Ёде аз шоири ҷавонмарг Махсум Олимӣ
Шодравон Махсум Олимӣ яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст. Ӯ шахси сиёсӣ ва ё низомӣ набуд; аз гурӯҳи адибоне низ набуд, ки ба сиёсат пайвастанд ва ақидаи ин ё он гурӯҳро дастгириву тарғиб менамуданд; ҳанӯз ҷавон буд ва имкону тавони халал расонидан ба касеро надошт… вале қурбони тири нохалафе шуд. Тавре мегӯянд, баъд аз оне, ки ҷангал оташ гирифт, ҳам тар месӯзаду ҳам хушк. Ҳамин аст бадбахтии ҷанг, ки нафарони бегуноҳ мефавтанд, мисли Махсум Олимӣ…
Махсум Олимӣ моҳи октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Кӯдакии ӯ дар водии Зарафшон, дар муҳити одии кӯҳистон гузаштааст. Мегӯянд, ки ҳанӯз дар мактаб шеърро бо як бор шунидан аз бар мекард ва баъзан ба шеърҳои хондааш мисраъҳои худашро ҳамроҳ менамуду ба дигарон мехонд.
Аввалин шеъри Махсум бо номи «Салом, модар» соли 1975 дар рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнат» чоп шудааст. Худи ӯ баъдтар гуфта буд, ки аз солҳои мактабӣ шеър менавишт, вале барои нашр шитоб намекард. Яъне аз оғоз нисбат ба худаш сахтгир буд.
Аввал дар риштаи барқ таҳсил кард, аммо зиндагӣ ниҳоят ӯро ба роҳи аслиаш, яъне адабиёт овард. Бо дастгирии устодон ба Институти адабии ба номи Максим Горкийи Маскав роҳ ёфт. Дар он ҷо бо адабиёти халқҳои гуногун, назарияи шеър ва тарҷума ошно шуд.
Соли 1984 таҳсилро хатм карда, ба Душанбе баргашт. Ҳамнишинӣ бо устодон Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Лоиқ, Гулназар ва дигар шоирон барои ӯ мактаби дигар буд.
Нахустин маҷмӯаи ашъори Махсум Олимӣ бо номи «Бӯи умед» соли 1985 дар нашриёти «Ирфон» чоп шуд. Номи китоб ба ҷаҳони ботинии ӯ дар он рӯзгорон мувофиқ аст. Дар шеърҳояш ғамгин аст, вале ноумед нест, аз ҷудоӣ мегӯяд, вале ба зиндагӣ дилгарм аст. Муҳаббат яке аз мавзуҳои асосии ашъори ӯст. Дар яке аз шеърҳои ошиқонааш чунин менависад:
Туро мехоҳаму дунёи умед,
Туро мехоҳаму дунёи ҳасрат.
Туро мехоҳаму дарду ғами ишқ,
Туро мехоҳаму шӯри муҳаббат.
Ин ҷо муҳаббат ҳамзамон «умед» ва «ҳасрат» аст. Ин тазод яке аз вижагиҳои шеъри ӯст. Ҷойи дигар ӯ худро бо Зарафшон муқоиса мекунад:
Хоҳам чун Зарафшон,
Пуршӯру пур зи туғён,
Ҳамрози дидаю дил,
Монам чу навҷавонӣ.
Дар ҳамин чанд мисраъ табиати худи шоир низ дида мешавад: пуршӯр, беқарор, эҳсосӣ ва ҳамеша ҷавон.
Аммо Махсум танҳо шоири шеърҳои ошиқона набуд. Дар шеъри ӯ тадриҷан дарди иҷтимоӣ низ қувват мегирад. Яке аз намунаҳои равшани ин рӯҳия маснавии «Тарси ман…» аст:
Тарси ман аз дарди бедард аст,
Тарси ман аз марди номард аст.
Тарси ман аз маргу душман нест,
Тарси ман аз сели баҳман нест.
Тарси ман аз ҷанги дунёист,
Тарси ман аз ёри ҳарҷоист.
Ин шеър чанд сол қабл аз гирудорҳои солҳои 90 навишта шудааст. Ҳамон замон шоир гӯё хатареро, ки баъдтар ҷомеаи Тоҷикистонро фаро гирифт, пешакӣ эҳсос мекунад.
Дар ашъори Махсум Олимӣ инсонгароӣ низ ҷойгоҳи намоён дорад. Барои ӯ шеър бояд ба зиндагии одам хизмат кунад. Дар «То зинда ҳастам умре» мегӯяд, ки мехоҳад ба ташна об, ба гурусна нон ва ба мӯр дона диҳад:
То зинда ҳастам умре,
Бар ташна косаи об,
Бар гушна пораи нон,
Бар мӯр дони гандум
Бидиҳам ба шодмонӣ.
Махсум Олимӣ дар қолаби ғазал, чаҳорпора, маснавӣ, рубоӣ ва дубайтӣ эҷод мекард. Дар маҷмӯаи «Парвози нотамом» шеърҳои нотамомаш низ оварда шудаанд. Яъне ӯ то вопасин рӯзҳои умр дар ҷустуҷӯи шакл ва имкониятҳои тозаи баён буд.
Ашъори Махсум Олимӣ дар Маскав ҳам чоп шуда буд. Аз ҷумла чанд шеъри ӯ дар «Правда» бо сарсухани Вадим Дементев чоп шуда, Лев Ошанин низ ба истеъдоди ӯ баҳои баланд дода буд. Беш аз даҳ шеърашро Хосияти Зарафшонӣ ба оҳанг дароварда, солҳои охир чанд сарояндаи дигар ба ашъори шоир оҳанг бастаанд.
… Махсум Олимӣ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ буд, ки Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ печид. Кишвар ноором ва ҳатто дар пойтахт зиндгӣ хатарнок буд. Тирамоҳи соли 1992, рӯзи 24-уми октябр тири дайду Махсум Олимиро аз миён бурд…
Чанд сол пеш, вақте ба зиёрати оромгоҳи Махсум Олимӣ ба деҳаи Каздон рафта будам, аз фарзанди марҳум Шаҳриёр, ки роҳи падарро дар ҷодаи адабиёт идома медиҳад, пурсидам:
– Оё қотилони шоир пайдо шуданд? Оё сабаби қатли ӯ маълум аст?
– Не,- гуфт Шаҳриёр,- чизе маълум нест…
Дар рӯйи санги Махсум Олимӣ байте ҳаст:
Аз кӯчаҳои холӣ, чун бигзарам хаёлӣ,
Тарсам, ки мекушандам як рӯз чун Ҳилолӣ.
– Мисле, ки шоир марги худро пешгӯйӣ кардааст?,- гуфтам ба Шаҳриёр.
– Ҳамагӣ 23 рӯз пеш аз маргашон ин байтро навиштаанд,- гуфт Шаҳриёр.
Воқеан, “Парвози нотамом”-ро варақ мезанаму мебинам, ки солҳои охир, вазъияти кишвар ба рӯҳияи шоир бетаъсир намондааст. Мегӯяд:
Агар фарзанди ман бе ман бимонад,
Чӣ бадбахте, чӣ бадбахте, ба дунёст.
Ва дар шеъри дигар:
Бар сарам дар зиндагӣ санги зиёд андохтанд,
Санги рӯи қабри ман ҳамранг бо санги худ аст.
Махсум Олимӣ дар яке аз шеърҳояш мегӯяд:
Будӣ агар гули ман дар боғи зиндагонӣ,
Як даста рӯйи қабрам гул мону пас дуо кун.
Махсум Олимиро “гулҳои зиндагӣ”-аш, ҳамсару фарзандонаш, пайвандонаш, дӯстонаш фаромӯш накардаанд. Баъди марг ашъори ӯро фарзандаш Шаҳриёр ҷамъ овард ва соли 2013 «Парвози нотамом» ба дасти хонанда расид. Соли 2021 маҷмӯаи «Сарзамини ёдҳо» низ нашр шуд, ки хотираҳо, мусоҳибаҳо ва навиштаҳои дӯстону ҳамқаламони шоирро фаро мегирад. Бузургдошти 60 ва 65-солагии шоир бо шукӯҳу шаҳомат баргузор шуд ва қарор аст 70-солагии марҳум низ таҷлил шавад. Муҳим он аст, ки шеъри шоирро бихонанд, тавре, ки худаш орзу дошт:
Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман,
Роҳи ту ҳамвор, на шебу фароз.
Розиям худ бинам умри кӯтаҳе,
Лек хоҳам умри ту бошад дароз.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ