Эътимоди мардум ба тиби ватанӣ

Соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб дар солҳои охир ба марҳалаи нави рушди технологӣ ва сохторӣ ворид гардида, симои тиби ин минтақаи қадимиро ба таври назаррас дигаргун сохтааст. Дар натиҷаи навсозии инфрасохтор, ворид намудани таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ беҳтар гардидааст.

То чанд соли пеш сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои атроф барои ташхисҳои мураккаб ё анҷом додани баъзе ҷарроҳиҳои муҳим маҷбур мешуданд ба Душанбе ё ҳатто хориҷи кишвар сафар кунанд. Имрӯз бошад, ин мушкил тадриҷан коҳиш ёфта, Кӯлоб ба яке аз марказҳои муҳими тиббии минтақа табдил ёфтааст.

Яке аз дастовардҳои муҳим бунёд ва ба истифода додани Маркази вилоятии бемориҳои дил мебошад. Марказ бо шароити муосири бистарӣ ва шуъбаи ангиография таъмин гардида, имкон медиҳад як қатор амалиётҳои мураккаби рагҳои хунгарди дил, аз ҷумла стенткунонӣ дар худи шаҳр анҷом дода шаванд. Ин имконият барои расонидани ёрии таъҷилии кардиологӣ ва коҳиш додани хавфи оризаҳои бемориҳои дилу раг аҳаммияти калон дорад.

Дар баробари ин, Беморхонаи клиникии вилоятии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназаров низ азнавсозӣ шудааст. Шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, кӯдакона ва ташхисӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла дастгоҳҳои назорати ҳолати беморон ва дефибрилляторҳо таъмин шудаанд.

Таҷдид танҳо бо муассисаҳои маркази шаҳр маҳдуд нашуда, деҳотро низ фаро гирифтааст. Дар ҷамоатҳои Даҳана ва Зиракӣ бунгоҳҳои нави тиббӣ сохта шуда, барои табибону ҳамшираҳои минтақаҳои дурдаст борхалтаҳои махсуси тиббии сайёр дастрас гардидаанд. Бо истифода аз ин таҷҳизот фишори хун, сатҳи қанд ва оксигени хунро дар маҳали зисти беморон муайян кардан мумкин аст.

Навоварии дигар ворид намудани дастгоҳҳои муосири ултрасадо, аз ҷумла Consona N8 ва таҷҳизоти ширкати Mindray мебошад. Имкониятҳои 3D, 4D ва эластография ба табибон имкон медиҳанд, ки нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои узвҳои дохилиро бо дақиқии бештар ошкор намоянд. Ин технологияҳо махсусан дар гинекология, акушерӣ ва кардиология аҳаммияти калон доранд. Рушди лабораторияҳои давлатӣ ва хусусӣ низ ба беҳтар шудани сифати ташхис мусоидат кардааст.

Дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак низ пешрафтҳо ба назар мерасанд. Маркази солимии репродуктивии вилоятӣ бо таҷҳизоти муосири назорати ҳомилагӣ ва дигар воситаҳои зарурии тиббӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон, ба масъалаи омодасозии кадрҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода мешавад. Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Р. Раҳмонзода бо синфхонаҳо ва лабораторияҳои таълимии муосир муҷаҳҳаз шуда, донишҷӯён метавонанд малакаҳои амалиро дар шароити ба воқеият наздик омӯзанд. Сохтмони хобгоҳи нави замонавӣ низ идома дорад.

Табибони Кӯлоб тавассути курсҳои бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзӣ сатҳи касбии худро баланд мебардоранд.

Яке аз самтҳои муҳим рақамикунонии соҳа мебошад. Гузариш ба бақайдгирии электронӣ ва кортҳои электронии беморон метавонад раванди хизматрасониро содатар намуда, дастрасии табибонро ба маълумоти тиббӣ тезонад.

Ҳамин тавр, маҷмӯи ин иқдомҳо нишон медиҳад, ки соҳаи тандурустии Кӯлоб дар роҳи рушди устувор қарор дорад ва ҳамаи ин дастовардҳо барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таҳкими эътимоди мардум ба тиби ватанӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Зулхумор ХАЛИЛОВА,

омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *