Пайванд ба мероси гузашта ва талош барои оянда
Ба ифтихори 100-солагии академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва 65-солагии муаррихи варзида Рустам Шукуров
Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ умре ба таҳқиқи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ шуғл дошт, аммо се писар ба роҳи дигари илм рафтанд. Шариф Шукуров ба омӯзиши санъату фарҳанги исломӣ рӯ овардаву Анвар Шукуров дар астрофизика ба камол расид, Рустам Шукуров таърихи Византия ва пайвандҳои гуногуни Шарқу Ғарбро самти пажӯҳиш қарор дод. Дар меҳвари асосии ин се роҳи баргузидаи фарзандони ин хонавода дониш, забон ва мутолиа ҷойгоҳи хос доштааст.
Омӯзиши забони тоҷикӣ ба фарзандон
Шариф (1948), Анвар (1952) ва Рустам (1961) аз издивоҷи аввалини устод Муҳаммадҷон Шакурӣ бо хонуми рус Клавдия Василевна Луканина (1922-2011) – омӯзгори риёзии мактаби миёна ба дунё омадаанд. Аз нақли Муҳаммадҷон Шакурӣ дар бораи тарбияи фарзандон (дар китоби «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт» (ба саъйи Д. Қурбонӣ, 2014)) ба дарки расои фарорафти маънавии муҳити тарбиявие раҳ меёбем, ки дар он се фарзанди олим ба воя расида ва камолоти илмӣ ёфтаанд. Ровӣ ин ҷо чун падаре сухан гуфта, таҷрибаи хонаводагиашро бо ҷузъиёти зинда ва баёни хос ба ёд овардааст.
Аз ин шарҳ бармеояд, ки дар муҳити Душанбе кӯдакони тоҷик дар кӯча, кӯдакистон ва мактаб бештар бо забони русӣ рӯ ба рӯ шуда, омӯзиши тоҷикӣ кори чандон осон набуд. Дар хонавода модар бо ин фарзандон ба русӣ суҳбат мекарду бо падар ба тоҷикӣ. Падар дар ҳамон шароити маҳдудияти замон ва бартарии муҳити русзабон бо вуҷуди серкорӣ ва норасоии вақт кӯшидааст, ки бо фарзандонаш тоҷикӣ гуфтугӯ намояд ва дарсҳои мактабии русиро бо истифода аз китобҳои дарсии ибтидоӣ ба тоҷикӣ такрор созад. Ҳатто ҳисобро бо истилоҳоти тоҷикӣ омӯзонида, фарзандон мафҳум ва истилоҳоти фанниро низ ба тоҷикӣ аз худ кардаанд. Ӯ шароит фароҳам кард, то фарзандон на танҳо дар гуфтугӯи рӯзона, балки дар фарогирии донишҳои дигар низ аз забони тоҷикӣ истифода кунанд. Ин талошҳои ҷиддӣ барои дар муҳити хонаводагӣ густариш додани корбурди забони модарӣ равона шуда буданд ва чунин таҷрибаи камназир хуб нишон медиҳад, ки барои соҳибхона ва аҳли хонавода забони модарӣ ҷузъи парвариши хонаводагӣ ва масъулияти фарҳангӣ низ будааст.
Тасмими Рустам
Бо вуҷуди ин, ҷолиб аст, ки устод Шакурӣ тамоми ин натиҷаро ба талоши хонавода нисбат надода, аз шавқу майли вежаи фарзандонаш низ дарак дода ва дар роҳи хубомузии забони тоҷикӣ ба онҳо сипос изҳор кардааст. Чунин муносибат дар роҳи омӯзиш имкон фароҳам овард, ки фарзандон ба донишу мутолиа майли бештар пайдо кунанд. Ин муҳити хонаводагӣ ба онҳо заминаи дарки меросбарӣ фароҳам оварда, аммо идомаи роҳи фарорафт ба дониш ва интихоби тахассус ба иродаи худи онҳо шакл гирифтааст.
Як ҷузъиёти муҳим ба писари хурдӣ Рустам дахл дорад, ки аз хурдӣ бо ду забон суҳбат мекард ва дар мактаби ибтидоии тоҷикӣ меомӯхт. Вақте ӯ дар курси севуми Донишгоҳи давлатии Маскав таҳсил мекард, ба падараш хабар дод, ки ба тарҷумаи рисолаи фалсафии асри XIII аз тоҷикӣ ба русӣ машғул аст. Устод Шакурӣ нахуст бо нигаронӣ аз таъсири ин кор ба рафти дарсу имтиҳонҳои писар пурсид, ки тарҷумаро кӣ ба ӯ супурдааст? Маълум гардид, ки Рустам инро дар вақтҳои фориғ аз хониш анҷом медиҳад.
Барои падар муҳим он буд, ки шавқи ҷӯшони илмии писар барои тарҷума ба раванди таҳсили асосии ӯ халал нарасонад. Дар ин гуфтугӯ на талоши падар барои маҷбур кардани писар ба идомаи роҳи худ эҳсос мешавад ва на хоҳиши писар барои истифода аз номи падар. Ҳама рухдод табиӣ ба назар мерасанд. Он чизе, ки мебинем, муносибати падару писарест, ки дар он донишу масъулияти шахсӣ ба ҳам пайвастаанд.
Роҳи баъдии Рустам Шукуров ин ҷузъиёти ҷавҳари хонаводагиро боз ҳам бештар маънои хосатаре мебахшад. Ӯ яке аз самтҳои муҳиму зарурии илми таърихнигории асрҳои миёна – омӯзиши Византия ва робитаҳои он бо ҷаҳони Шарқро барои худ интихоб намуд. Китоби «Туркҳои Византия. 1204-1461» (2016) ба таърихи ҳузури ин қавм дар муҳити византӣ ва таъсири ҳамдигарии фарҳангҳо бахшида шудааст. Рустам Шукуров барои силсилаи таҳқиқоти худ дар заминаи ҳамин робитаҳои этникӣ ва фарҳангӣ ба ҷоизаи Ломоносови Донишгоҳи давлатии Маскав сарфароз гардидааст.
Роҳи илмии Шариф
Роҳи илмии Шариф Шукуров, ки номаш ба ифтихори бобояш буда, ӯ ҳам фарзандашро ба ифтихори бобокалонаш Оят гузоштааст, аз назари мавзуъ бо фаъолияти Рустам фарқ мекунад. Ӯ пас аз дохил шудан ба аспирантураи Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба нигоргариҳои «Шоҳнома» рӯ оварда, таҳқиқи миниатюраҳои онро ҳадафи кор қарор дод. Ба гуфтаи Шакурӣ, Шариф «Шоҳнома»-и Фирдавсиро се дафъа аз аввал то ба охир хонда, аз луғатномаҳо истифода бурда ва ба ин васила забони форсӣ омӯхт. Ӯ пайваста гирифторӣ ба омӯзиши таърихи санъату фарҳанги исломӣ дошт. Дар пажӯҳишҳои ӯ масъалаи образ, рамз ва тасвири инсон дар ҳунари исломӣ мавқеи назаррас дорад. Китоби «Образи инсон дар ҳунари исломӣ» (Маскав, 2004) ба тафсири вежагиҳои тасвири инсон дар муҳити фарҳангии исломӣ бахшида шудааст. Шариф дар баробари ин ба санъати асримиёнагии Эрон ва робитаи анъанаҳои адабӣ бо тасвирҳои бадеӣ таваҷҷуҳ карда, ки ин самти таҳқиқ низ ба омӯзиши мероси фарҳангии Шарқ пайванд дорад. Рустам Шукуров бо омӯзиши муносибатҳои таърихии халқу миллатҳо, Шариф Шукуров бо бозкушоии маънои образу рамз дар арсаи ҳунар ба ду роҳ гаравидаанд, бо вуҷуди ин ҳар ду аз рӯйкарди хосаи худашон ба таърихи фарҳанг ва маъноҳои амиқи он шаҳодат медиҳанд.
Сарнавишти Анвар
Ин нақли устод Шакурӣ дар бораи Анвар ҷолиб аст, ки ӯ дар кӯдакӣ аз тоҷикӣ камтар баҳравар шуд, зеро падар дар давраи забонбарории ӯ як сол дар Маскав қарор дошт ва имконияте, ки барои дигар фарзандон пеш омад, барои ӯ ғайриимкон гардид. Аммо баъдтар Анвар ба таври мустақилона забони тоҷикиро омӯхт. Ин нукта махсусан арзишманд аст, зеро ҳам мушкили ибтидоӣ ва ҳам кӯшиши шахсии ӯро нишон медиҳад. Анвар Шукуров намояндаи равияи дигар – илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, профессори гидродинамикаи астрофизик дар Донишгоҳи машҳури Нюкасл буда, масъалаҳои муҳити байни ситораҳо, майдонҳои магнитии галактикаҳо ва равандҳои физикии дохили онҳоро таҳқиқ кардааст. Ин гуногунии роҳҳои илмӣ баёнгар аст, ки мероси як хонаводаи зиёӣ ҳатман дар интихоби касби яксон ё пайравии фарзандон аз соҳаи фаъолияти падар ба намоиш намеояд. Эҳтимол, муҳимтар аз ҳама, қонунияти муҳитест, ки дар он шавқи мустақил ба дониш, ҷустуҷӯ ва пажӯҳиш қадр мешавад.
Тарҷумаи “Рӯзнома”
Яке аз вежагиҳои ин хонаводаи зиёӣ пайванди амиқ ба мероси фарҳангӣ ва масъулияти нигаҳбониву муаррифии он мебошад, ки дар корномаи Рустам Шукуров дар тарҷумаи англисии «Рӯзнома»-и Садри Зиё таҷассум ёфтааст.
Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (1867-1932) – падари Муҳаммадҷон Шакурӣ ва бобои Шариф, Анвар ва Рустам Шукуров ва яке аз равшангарони муҳити фикрӣ ва адабии Бухорои охири садаи XIX – оғози садаи XX буда, ин «Рӯзнома» манбаи баарзиш барои шинохти густардаи ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва адабии Бухорост. Дар он зиндагии аҳли илму адаб, муносибатҳои иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои замон аз назари ширкатдори бевоситаи он давра инъикос ёфтаанд.
«Рӯзнома» соли 2003 дар Эрон бо ёрмандии Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва раҳбари он Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва чандин шахсияту муҳаққиқи дигар ба нашр расид.
Дар ин миён масъалаи тарҷумаи англисии «Рӯзнома» ба миён омада ва ба шаҳодати Шакурӣ, дар оғози даҳаи 90-уми садаи XX аз муҳаққиқи амрикоӣ, тарғибгари адабиёти муосири Осиёи Марказӣ ва тарҷумони «Мунозира»-и Фитрат ба англисӣ Эдвард Олворт нома гирифтааст, ки мехост «Рӯзнома»-и Садри Зиёро ба забони англисӣ низ ба табъ расонад.
Тарҷумаи англисӣ ба зиммаи Рустам Шукуров гузошта шуд. Ӯ дар иҷрои ин кор панҷ сол заҳмати сахте кашид ва падар ба ӯ зимни қиёсу муқобалаи тарҷума бо матни асл ва шарҳу тафсири ибораҳои душвор ёрӣ расонидааст. Мулоқотҳои онҳо дар Маскав ва Душанбе дар тайи солҳои 1997-2000 дарак медиҳанд, ки ин кор ҳам заҳмати мустақилонаи тарҷумон ва ҳам таҷрибаи матншиносии падарро талаб кардааст.
Ҳамин тавр, асар ба забони англисӣ дар нашриёти академии Лейден ва Бостон бо унвони «Зиндагиномаи зиёии бухороӣ: Рӯзномаи Муҳаммадшариф Садри Зиё» ба табъ расид, ки ба он панҷ сарсухан, тавзеҳот, харитаи сафарҳо ва хронологияи зиндагии муаллиф афзуда шудаанд. Мураттиби хронология ва харитаи сафарҳо ҳам Рустам Шукуров мебошад. Дар омода кардани китоб дар баробари Рустам Шукуров ва Муҳаммадҷон Шакурӣ Эдвард Олворт ва Шаҳрбонуи Тоҷбахш саҳм доранд. Бо ин тарҷума яке аз сарчашмаҳои муҳими таърихи Бухоро барои пажӯҳишгарони хориҷӣ дастрас гардид.
Намунаи ибрат
Комёбиҳои илмии устод Шакурӣ бо ин се фарзанди донишманд аз дарки комили асолати меросбарӣ, таҳсил, муҳити донишгоҳӣ, роҳнамоии устодон, талошҳои шахсӣ, имконияти илмии замона дарак медиҳад. Шавқу кӯшиши онҳо гувоҳи он аст, ки майли мустақилона ба донишу иродаи шахсӣ дар ташаккули роҳи илмии ҳар кадом нақши муҳим доштааст. Хонадони Шакурӣ ба зиёиёни тоҷик намунаи ҷолиби ибрат аст, ки ба назари банда, аз доираи комёбии касбии се фарзанди як донишманд фаротар меравад ва ба масъалаи моҳияти суннати зиёӣ, тарзи интиқоли он аз насл ба насл ва муносибати мерос бо истиқлоли фикрии инсон пайванд меёбад.
Субҳони АЪЗАМЗОД,
адабиётшинос
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ