Панелҳои офтобӣ дар хонаҳо. Чӣ гуна насб кунем ва барқи зиёдатиро чӣ тавр фурӯшем?
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶСК «Системавтоматика» ва Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» тарҳҳои намунавии нерӯгоҳҳои барқи офтобиро барои хонаҳои истиқоматӣ таҳия кардааст. Тибқи маълумоти расмӣ, се шакли асосии насб пешниҳод мешавад: нерӯгоҳи 5 кВт барои боми хона, нерӯгоҳи 15 кВт барои боми ҳамвор ва нерӯгоҳи 15 кВт барои қитъаи замини назди хона. Ин тарҳҳо рӯзи 1-уми октябри соли 2026 дар сомонаи вазорат нашр шуданд.
Тарҳҳои мазкур барои онҳое муфиданд, ки мехоҳанд хона ё хоҷагии худро қисман ё пурра бо барқи офтобӣ таъмин кунанд. Дар онҳо на танҳо ҷойгиршавии панелҳо, балки талаботи лоиҳавӣ ва фаннӣ, тарзи пайваст кардани таҷҳизот ва масъалаҳои бехатарӣ дар назар гирифта шудаанд.
Оё барои насб иҷозатнома лозим аст?
Барои насби панелҳои офтобӣ бо мақсади истифодаи шахсӣ иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад. Аммо ин маънои онро надорад, ки панелҳоро бе риояи талаботи техникӣ насб кардан мумкин аст. Муҳимтарин шарт таъмини бехатарии барқӣ ва истифодаи таҷҳизоти босифат гуфта мешавад.
Вазорат тавсия медиҳад, ки таҷҳизот бо ҳуҷҷатҳои расмӣ харидорӣ шуда, насби он ба мутахассисони соҳибтаҷриба супурда шавад. Ин махсусан барои системаҳои пуриқтидоре муҳим аст, ки бо шабакаи умумии барқ ҳамзамон кор мекунанд.
Барои панелҳое, ки танҳо эҳтиёҷоти худи хонаводаро таъмин мекунанд ва ба шабака неру намефиристанд, тартиб осонтар аст. Дар чунин ҳолат соҳиби таҷҳизот бояд ташкилоти масъули шабакаро аз насби дастгоҳ огоҳ намояд.

Нерӯи зиёдатӣ куҷо меравад?
Аз соли 2026 дар Тоҷикистон қоидаҳои нави ворид кардани нерӯи аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсолшуда ба системаи энергетикӣ амал мекунанд. Ин қоидаҳо бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2026, №449 тасдиқ шудаанд.
Барои хонаводаҳо ва соҳибкории хурд, ки нерӯгоҳи офтобии то 15 кВт доранд, тартиби содашуда пешбинӣ шудааст. Агар соҳиби хона хоҳиш кунад, ки нерӯи зиёдатии истеҳсолшуда ба шабакаи умумӣ ворид шавад, гирифтани шартҳои техникӣ зарур мегардад.
Дар чунин ҳолат ҳисобкунаки дуҷониба насб карда мешавад. Ин дастгоҳ ду нишондиҳандаро алоҳида сабт мекунад: чӣ қадар нерӯ аз шабака гирифта шудааст ва чӣ қадар нерӯ аз панели офтобӣ ба шабака баргардонида шудааст. Ҳамин механизм имкон медиҳад, ки баҳисобгирии мутақобилаи барқ анҷом дода ва нерӯи зиёдатӣ мутобиқи шартнома ба шабака фурӯхта шавад.
Барои таҷҳизоти то 15 кВт, дар сурати риоя шудани талаботи муайян, пайвастшавӣ метавонад ройгон анҷом дода шавад. Хароҷоти насби ҳисобкунаки дуҷониба низ ба дӯши ташкилоти таъминкунандаи барқ гузошта мешавад. Қоидаҳои амалкунанда ба пайвастшавии неругоҳҳои хурди офтобӣ ва фурӯши нерӯи зиёдатӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардаанд.

Сабти ҳатмӣ дар феҳристи электронӣ
Вазорати энергетика ҳамзамон тартиби пешбурди феҳристи электронии истеҳсоли нерӯи барқи маҳаллиро нашр кардааст. Дар ин феҳрист маълумот дар бораи ҷойгиршавии дастгоҳ, иқтидор, навъи нерӯгоҳ, соли ба истифода додан, батареяи захиравӣ ва ҳолати техникии он ворид карда мешавад.
Дастгоҳҳо вобаста ба тарзи истифода ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд. Агар нерӯгоҳ тамоман мустақил бошад ва ба шабака пайваст нашавад, тартиби он содатар аст. Барои нерӯгоҳҳое, ки бо шабака ҳамзамон кор мекунанд, талаботи техникӣ бештар аст. Аз ҷумла, муҳофизат аз «реҷаи ҷазиравӣ», мувофиқати инвертор ва дигар таҷҳизот, инчунин мавҷудияти ҳисобкунаки дуҷониба аҳамияти махсус дорад.
Ҳангоми санҷиш нозирон метавонанд намуди умумии нерӯгоҳ, панелҳо, инвертор ва нуқтаи пайвастшавиро сабт кунанд. Барои баъзе гурӯҳҳои нерӯгоҳҳои ба шабака пайваст санҷиши даврӣ низ пешбинӣ шудааст.

Чаро 5 ва 15 кВт?
Иқтидори 5 кВт барои як хонаи маъмулӣ метавонад қисми назарраси талаботи рӯзонаи онро таъмин кунад, бахусус агар таҷҳизоти сермасраф зиёд набошад. Нерӯгоҳи 15 кВт бошад, барои хонаводаҳои калон, хонаҳои дорои таҷҳизоти барқии бештар, хоҷагиҳои хурд ё соҳибкории хонагӣ мувофиқтар аст.
Аммо интихоби иқтидор бояд аз рӯйи масрафи воқеӣ сурат гирад. Агар хона дар як моҳ нерӯи нисбатан кам истифода кунад, насби системаи 15 кВт метавонад зиёдатӣ бошад. Баръакс, агар гармидиҳӣ, обгармкунӣ, насос, кондитсионер ё таҷҳизоти истеҳсолӣ аз барқ кор кунанд, иқтидори бештар зарур мешавад.
Таваҷҷуҳ ба нерӯи офтобӣ
Рушди нерӯи офтобӣ ба яке аз самтҳои сиёсати энергетикии кишвар табдил ёфтааст. Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар хонаҳои мардум ва пайваст кардани онҳо ба шабакаҳои барқии кишвар махсус мавриди омӯзиш қарор гирифт. Ҳамзамон, дар Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030 истеҳсоли 1500 МВт нерӯ аз ҳисоби энергияи офтобӣ пешбинӣ шудааст.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон низ гуфта шуд, ки талаботи дохилӣ ба нерӯи барқ то соли 2030 нисбат ба соли 2025 тақрибан 31 дарсад бештар мешавад. Аз ин рӯ, ҳам бунёди иқтидорҳои нав ва ҳам сарфакорона истифода бурдани нерӯ аҳаммияти калидӣ пайдо мекунад.
Дар ҳамин замина, тарҳҳои намунавии 5 ва 15 кВт метавонанд барои шаҳрвандон роҳи равшантар ва бехатартари гузариш ба нерӯи офтобиро фароҳам созанд. Муҳим он аст, ки пеш аз хариди панелҳо масрафи хона, ҷойи насб, ҳолати бом, имкони пайвастшавӣ ба шабака ва талаботи техникӣ дуруст ҳисоб карда шаванд. Танҳо дар ин сурат панели офтобӣ на як харҷи иловагӣ, балки сармоягузории дарозмуддат ба таъминоти устувори барқ мешавад.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ