Меҳргон ва имиҷсозии Тоҷикистон

Ҳафт бардошт аз форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ”

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 13 то 18 октябри соли равон мизбони форуми байналмилалии “Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ” бо фарогирии 20 ҳамоиш дар Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Хуҷанд, Данғара ва Дарвоз мебошад. Форум дар арафаи таҷлили иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми мо баргузор гашта, дар кори он намояндагони беш аз 60 кишвари ҷаҳон, аз  ҷумла кормандони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, соҳибкорон, сармоягузорон ва коршиносон иштирок карданд.

Аз рӯйи барномарезии форум иштирокдорон ҳам дар нишастҳои илмӣ ва ҳам дар ҳамоишҳои фарҳангию намоишию ҷаҳонгардӣ ҳузур доштанд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки меҳмонҳои хориҷӣ бо суннатҳои ҷашни Меҳргон, маззаи меваю сабзавот ва ғизои миллӣ, чистии ҳунарҳои мардумӣ ва таъриху фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон шинос шаванд. Тартиби барномарезӣ ва чигунагии баргузории форум аз сӯйи як донишгоҳи кишвар таҷрибаи камназир буда, пеш аз ҳама барои шаклгирии имиҷи мусбати Тоҷикистон фурсати лозимро эҷод мекунад.

Бар асоси ҳузур дар чанде аз ҳамоишҳои илмӣ, намоишӣ ва фарҳангии форум, ҳамчунин, гуфтугӯҳо бо иштирокдорони хориҷӣ баъзе андешаҳоро дар бораи сарчашмаҳои тасвирсоз (имиҷсоз) шарик месозам:

Якум, шиносоии ҷашни бостонии Меҳргон. Дар замони худсолии Тоҷикистон иқдомҳои таҷрибӣ барои эҳёи худшиносии миллӣ рӯйи даст гирифта шуданд. Яке аз унсурҳои муҳими ин сиёсат барҷастасозии ҷойгоҳи идҳои бостонии эронӣ ва ҷашнгирии арзандаи онҳо дар қаламрави кишвар мебошад. Тоҷикистон ташаббускори воридсозии ҷашни бостонии Меҳргон ба номгӯйи мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО пазируфта мешавад. Ин ҷойгоҳ ҳам дар баробари бартариҳо боз масъулиятро низ дар назди кишвар гузаштааст. Дар арафаи ин ҷашн баргузор гардидани Форум унсури рамзӣ низ дошт, барои мардуми худӣ ва меҳмонони хориҷӣ Меҳргони беш аз 4000  – соларо бо суннатҳои неки он шиносоӣ кард. Шояд баъзеҳо чунин пиндоранд, ки ба эҳёи ин ҷашн зарурат набуд, чун масъалаҳои дигари ҳалталаб мавҷуданд. Вале дар марҳилаи имрӯзи ҷаҳон, ба вижа бо аслӣ ва калидӣ гардидани унсурҳои фарҳангию тамаддунӣ – доштан ва шиносоии решаҳои бостонӣ барои эҷоди масуният ба ҳувияти миллӣ як иқдоми лозим мебошад. Тоҷикистон барои посдории ҷашнҳои бостонии эронӣ, ба вижа Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада гомҳои ҷиддиро бардошааст, ки аз сӯйи мардуми эронизабони саросари ҷаҳон бисёр мусбат пазируфта мешавад. Аз ин дидгоҳ, дар арафаи ҷашнгирии Тиргон ва Сада баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ бо ҷалби меҳмонони хориҷӣ як иқдоми муосиру муассир дониста мешавад.

Дуюм, шиносоии тавонмандиҳои ҷаҳонгардии куҳӣ. Тоҷикистон ба унвони кишвари дорои куҳҳои сар ба фалаккашида фурсату тавонмандиҳои лозимро барои рушди ҷаҳонгардии куҳӣ дорад. Солҳои охир дар ин самт корҳои муайяне ба анҷом расиданд, вале як вижагии иштирокдорони форум дар он буд, ки миёни онҳо ҳам роҳбарону кормандони ширкатҳои ҷаҳонгардӣ ва ҳам эҷодгарони афкори умум низ ҳузур доштанд. Ин ду омил барои густариши ин шакли ҷаҳонгардӣ дар кишвар фурсатҳои лозимро дар дурнамои наздик эҷод карда метавонад. Сафари ҷамъӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар, тамошои муҳити зист беҳтарин роҳи шиносоии табиати Тоҷикистон мебошад.

Сеюм, шиносоии тавонмандиҳои ҷаҳонгардии табобатӣ. Тоҷикистон дорои чашмаҳои бисёри табобатӣ мебошад, ки тани инсонро аз бемориҳои гуногун шифо мебахшанд. Дар атрофи ин чашмаҳои шифобахш шуморе аз табобатгоҳу осоишгоҳҳо кор мекунанд, ки барои мардуми кишвар ва бошандагони баъзе кишварҳои ҳамсоя шиносанд. Ба доираи густарда шиносоӣ кардани тавонмандиҳои табобатию шифобахшии Хоҷа Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Авҷ, Ҷелондеҳ, Зайрон ва дигарон барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон метавонад сабаб гардад. Як ҳамоиши форум дар мавзеи Шоҳамбарӣ баргузор шуд ва тавонмандиҳои ҷаҳонгардии табобатии кишварро муаррифӣ кард. Агар ин кор ҷиддӣ идома ёбад, зерсохти лозим бунёд шавад ва хидматрасонии арзанда пешкаш гардад – барои коҳиши ҷаҳонгардии табобатии мардуми кишвар ба давлатҳои ҳамсоя низ метавонад сабаб шавад. Дар дарозмуддат рушди ҷаҳонгардии табобатӣ бо назардошти омили чашмаҳои шифобахш як сарчашмаи муҳими тасвирсоз ва эҷодкунандаи фурсатҳои нави иқтисодӣ барои Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Чорум, шиносоии тавонмандиҳои ҷаҳонгардии ғизоӣ. Меваҳои табиати Тоҷикистон ва ҳунари мардуми кишвар дар пухтупаз як унсури муҳими тасвирсоз мебошад. Имрӯзҳо баъзе кишварҳои ҳамсоя ба муарифии ғизоҳои миллии мо ба унвони таомҳои худашон машғуланд ва дар ин самт дастовардҳои чашмрас ҳам доранд. Дар рафти Форум намоишгоҳи вижае бо номи “Шукуҳи Меҳргон” баргузор шуд, ки дар он ҳам меваю сабзавот ва ҳам ғизоҳои миллӣ аз ҷониби ошпазҳои моҳир пешкаш гардид. Ҳамчунин, нишастҳои илмӣ дар Душанбе ва сафарҳо ба боғҳои шаҳрҳои Турсунзода ва Ҳисор барои ошноии меҳмонон аз меваҳои кишвар роҳандозӣ шуд, ки биниши бештари онҳоро дар бораи тавонмандиҳои ҷаҳонгардии ғизоии кишвар дигаргун кард. Яъне, ҳам арзёбии илмӣ ва ҳам намоиши зиндаи тавониҳо сурат гирифт.

Панҷум, меҳмоннавозӣ ва тасвирсозӣ. Як вижагии мардуми мо меҳмондӯстию меҳмоннавозӣ ба шумор меравад, ки баъзан аз буда бештар пешкаш мегардад. Корбурди ин рукни бостонии фарҳанги миллӣ барои эҷоди тасвири мусбати кишвар лозим буда, на як чизи сохтаю бофта, балки унсури зиндаю табиӣ ва инсонӣ ба шумор меравад. Меҳмоннавозии иштирокдорони Форум бо шарту шароити қабули ширкатдорони ҳамоишҳои ҳаммонанд дар кишварҳои дигар қобили муқоиса нест, чун фарҳанги тоҷикии пазироии меҳмон бо тамоми нузикиҳо риоя гардид. Таҷриба нишон медиҳад, ки унсури пойдори муносибат байни инсонҳо пеш аз ҳама бо эҳсос ва бардоштҳои маънавӣ пайванд мехӯрад. Аз ин дидгоҳ, фарҳанги меҳмоннавозии кишвар дар сурати корбурди муътадилу низомманди он барои эҷоди тасвири мусбати давлат ва ба даст овардани “дӯстони Тоҷикистон” метавонад хидмат кунад.

Шашум, пазироии иштирокдорон аз кишварҳои гуногун. Далели иштироки намояндагони кишварҳои гуногун дар Форум бозгӯйи он аст, ки ниҳодҳои маъмурию омӯзишии мо ба ин гуна ҳамоишҳо бидуни “замонасозӣ” назар мекунанд. Ин рӯйкард посухгӯ ба сиёсати дарҳои бози кишвар ҳам мебошад ва аз ҳама муҳим дар сатҳи инсонӣ симои роҳбурди берунаи Тоҷикистонро шиносоӣ мекунад. Бартарӣ надодан    ба ҳеҷ ҷониб, пайванду ҳамкориҳо бо ҳама ва надоштани вобастагӣ аз ҳеҷ кас то ҷойе дар рафти форум риоя гардид, ки тафсири ростини сиёсати хориҷии кишварро ба намоиш мегузорад.

Ҳафтум, эҷоди тавонмандиҳои лозим барои тасвирсозии мусбати Тоҷикистон. Баргузории ҳамоишҳо бо ҷалби доираи густардаи иштирокдорон ва муҳимтар аз ҳама “барои баргузории чорабинӣ” набудани онҳо барои пешбурди сиёсати усулии давлатӣ хидмат мекунад. Дар равиши баргузорӣ ва барномаи Форум як силсила иқдомҳое ба назар расиданд, ки дар сурати густариши минбаъда ба унвони сарчашмаи муҳими эҷодкунандаи тасвири мусбати кишвар ҷойгоҳ пайдо мекунанд. Агар рӯйкарди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар баргузории чунин ҳамоишҳо аз сӯйи донишгоҳҳои дигари кишвар ҷонибдорӣ гардад ва онҳо ҳам чунин ҳамоишҳои илмию коршиносиро ба нақша бигиранд ва гузаронанд, як иқдоми рӯй ба дарозмуддат мешуд. Арзёбиҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар тавонмандиҳои лозим барои эҷоди тасвири мусбат мавҷуданд. Корбурди муосиру касбии онҳо метавонад барои даст ёфтан ба натиҷаи дилхоҳ биоварад ва чашмдоштҳоро бароварда созад.

Ба унвони натиҷагирӣ ҳаминро метавон гуфт, ки таҷлили ҷашнҳои бостонӣ дар Тоҷикистон барои ҷалби бештари ҷаҳонгардон аз Эрон, Афғонистон ва кишварҳои дигари будубоши форсизабонон фурсат меофарад, ки аз он бояд истифода кард. Ҳамчунин, Русия бо назардошти вазъи имрӯзи сиёсати ҷаҳонӣ метавонад ба унвони сарчашмаи қобили мулоҳизаи ҷаҳонгардон баррасӣ шавад. Бидуни раводид шудани сафари шаҳрвандони Тоҷикистону Чин ба қаламрави ҳамдигар, ё иқдоми якҷонибаи Тоҷикистон барои бераводид ба кишвар сафар кардани шаҳрвандони Чин – фурсати наве барои рушди ҷаҳонгардӣ ба шумор меравад. Таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон медиҳад, ки набудани зарурат барои гирифтани раводид – шумори ҷаҳонгардон аз Чинро ба маротиб боло бурдааст. Ин иқдом роҳандозии маъракаҳои расонаиро низ дар фазои иттилоотии Чин дар назар дорад, то бештари мардум аз ин фурсат огаҳ бошанд.

Шералӣ Ризоён,

сиёсатшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *