Шерпӯлод Вакилов: «Овози тоҷик» минбари тоҷикони Ӯзбекистон аст

Рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии «Овози тоҷик» беш аз як аср нашр мешавад. Ин рӯзнома дар ҳифзи забони тоҷикӣ, тарғиби адабиёту фарҳанг ва инъикоси ҳаёти тоҷикони Ӯзбекистон саҳми назаррас дорад. Чанде пеш дар шаҳри Тошканд бо сармуҳаррири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов дар бораи рисолати таърихии «Овози тоҷик», вазъи имрӯзаи рӯзнома, мушкилоти кадр ва дурнамои он суҳбат кардем.

– «Овози тоҷик» беш аз як аср боз нашр мешавад. Дар ин муддат ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма тағйир ёфтаанд. Ба назари шумо, имрӯз рисолати асосии рӯзнома дар назди тоҷикони Ӯзбекистон аз чӣ иборат аст?

– Албатта, рӯзнома минбари халқ аст. «Овози тоҷик» беш аз сад сол боз бо забони тоҷикӣ нашр мешавад ва дар ин муддат дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Бо гузашти вақт шароити ҷомеа, талаботи хонандагон ва имкониятҳои расонаӣ тағйир меёбанд. Аммо рисолати асосии рӯзнома боқӣ мемонад: инъикоси ҳаёти мардум, ҳифзи забону фарҳанг ва расонидани масъалаҳои ҷомеа ба гӯши масъулон. Мо мекӯшем, ки дар саҳифаҳои рӯзнома ҳаёти тоҷикони минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон, вазъи мактабҳои тоҷикӣ, масъалаҳои маориф, урфу одат, дастовардҳо ва мушкилоти мардум инъикос ёбанд. Ба андешаи ман, рӯзнома вақте рисолати худро иҷро мекунад, ки хонанда дар саҳифаҳои он зиндагӣ, муҳити иҷтимоӣ ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи худро бубинад.

– Бо вуҷуди чунин рисолат, таваҷҷуҳи хонандагон ба рӯзнома коҳиш ёфтааст. Шумо қаблан гуфта будед, ки мардум ваъда медоданд, баъди барҳам хӯрдани обунаи маҷбурӣ ихтиёран ба «Овози тоҷик» обуна мешаванд. Чаро ин интизорӣ амалӣ нашуд?

– Вақте ки масъалаи барҳам додани обунаи маҷбурӣ ба миён омад, мо ба вилоятҳо, маҳаллаҳо ва мактабҳои тоҷикӣ рафта, бо мардум ва омӯзгорон суҳбат мекардем. Бисёриҳо мегуфтанд, ки агар обунаи маҷбурӣ барҳам хӯрад, ҳатман ба рӯзномаи худ – «Овози тоҷик» обуна мешаванд. Аммо баъди барҳам хӯрдани он, мутаассифона, афзоиши назарраси обунаи ихтиёриро мушоҳида накардем. Теъдоди хонандагон коҳиш ёфт. Сабабҳо гуногунанд. Рушди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, гарон шудани чопу паҳн кардани рӯзнома ба вазъи матбуоти чопӣ таъсир мерасонанд. Вале ба назари ман, масъала танҳо дар ин омилҳо нест. Агар мардум зарурати доштани нашрияи тоҷикиро дарк кунанд, метавонанд барои нигоҳ доштани он саҳм гузоранд.

– Ҳоло рӯзнома чӣ теъдод нашр мешавад ва ба хонандагон чӣ гуна дастрас мегардад?

– Беш аз ду ҳазор нусха. Рӯзнома бо дастгирии Ҳукумати Ӯзбекистон чоп ва ройгон паҳн мешавад. Асосан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, ҷамоатҳои шаҳрвандон ва марказҳои миллӣ расонида мешавад. Барои ин рӯйхати муайян дорем ва мекӯшем, ки рӯзнома ба дасти хонандагон расад. Тақсимоти ройгон бештар минтақаҳои тоҷикнишин, аз ҷумла вилоятҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва Самарқандро фаро мегирад. Ҳадаф ин аст, ки мардум, бахусус хонандагону омӯзгорон ва ҷавонон бо муҳтавои рӯзнома шинос шаванд.

Рӯзноманигор Усмон Раҳимзода ҳангоми мусоҳиба бо сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов дар шаҳри Тошканд

– Шумо аз соли 2003 сармуҳаррири «Овози тоҷик» ҳастед. Дар ин муддат кадом тағйиротро дар фаъолияти рӯзнома муҳим меҳисобед?

– Дар ин муддат кӯшиш кардем, ки муҳтавои рӯзномаро гуногунранг нигоҳ дорем ва доираи мавзуҳоро васеъ кунем. Имрӯз дар саҳифаҳои он на танҳо масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, балки адабиёт, санъат, маориф, ҳаёти занон ва ҷавонон низ инъикос меёбанд. Дар рӯзнома саҳифаҳои «Адабиёт ва санъат», «Ҷаҳони зан», «Ҷавонон» ва «Рӯзи истироҳат» мавҷуданд. Дар онҳо шеър, ҳикоя, мақолаҳои фарҳангӣ ва маводи гуногуни маърифатӣ нашр мешаванд. Ҳамчунин, мекӯшем, ки фаъолияти хабарнигорони минтақавиро тақвият диҳем. Бо онҳо мавзуҳоро пешакӣ муҳокима карда, супоришҳои мушаххас медиҳем. Аз ҷумла, хоҳиш мекунем, ки ба маҳаллаҳои тоҷикнишин рафта, бо мардум суҳбат кунанд ва дар бораи урфу одат, мушкилоти иҷтимоӣ, дастовардҳо ва тағйироти зиндагии деҳот мавод омода созанд. Мақсад ин аст, ки рӯзнома ба ҳаёти воқеии мардум наздик бошад. Ҳамчунин, мо масъалаҳои марбут ба ҷавонон ва соҳаи маорифро пайгирӣ мекунем, зеро ин мавзуҳо барои ояндаи ҷомеа аҳамияти калон доранд.

– Дар ташаккули «Овози тоҷик» шахсиятҳое чун устод Садриддин Айнӣ ва Саидризо Ализода саҳм гузоштаанд. Имрӯз то куҷо анъанаи ин мактаби рӯзноманигорӣ идома дорад ва ба насли нав расонида мешавад?

– Анъанаҳои рӯзнома, пеш аз ҳама дар муносибат ба забон, адабиёт, маърифат ва масъалаҳои ҷомеа таҷассум меёбанд. Мо ин арзишҳоро нигоҳ медорем ва ҳамзамон ба талаботи замони нав мутобиқ мешавем.

«Овози тоҷик» нашрияи ҷамъиятиву сиёсӣ буда, дар он сиёсати давлат ва фаъолияти мақомоти расмӣ низ инъикос меёбанд. Дар баробари ин, барои маводи адабиву фарҳангӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ ва зиндагии мардум ҷой ҷудо мекунем.

Имрӯз дар рӯзнома шоирон Паймон, Абдулло Субҳон ва Муҳаммад Шодиев фаъолият доранд. Дар маҷмуъ, дар ҳайати эҷодӣ ва дигар бахшҳои рӯзнома 27 нафар кор мекунанд.

Мо ҷавонони ба фаъолияти рӯзноманигорӣ шавқмандро ҷалб намуда, онҳоро дар паҳлуи кормандони ботаҷриба ҷой медиҳем. Онҳо бояд аз собиқадорон тарзи ҷамъоварии иттилоот, таҳияи мавод ва муносибат бо хонандаро омӯзанд. Таҷрибаомӯзӣ дар муҳити воқеии редаксия яке аз роҳҳои муҳим дар тарбияи рӯзноманигорони ҷавон аст.

– Иртиботи хонандагон бо редаксия чӣ гуна аст? Оё ҷавонон низ дар навиштани номаҳо ва пешниҳоди мавзуҳо фаъоланд?

– Мутаассифона, иртиботи хаттии хонандагон бо редаксия нисбат ба солҳои пеш кам шудааст. Асосан намояндагони насли калонсол нома менависанд ё фикру андешаи худро ба мо мерасонанд. Аз ҷониби ҷавонон чунин муроҷиатҳо камтар ба назар мерасанд. Албатта, имрӯз роҳҳои иртибот дигар шудаанд. Ҷавонон бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мо низ роҳҳои нави иртиботро тақвият медиҳем, то хонандагон тавонанд андеша, пешниҳод ва мушкилоти худро ба редаксия расонанд.

– Барои ҷалби ҷавонон ба рӯзнома ва мутобиқ шудан ба шароити рақамӣ чӣ иқдомҳоро амалӣ кардед?

– Мо ҷавононро ба кор ҷалб кардем, сомонаи рӯзномаро ба роҳ мондем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Телеграм” саҳифаҳои худро фаъол кардем. Як муддат дар байни хонандагон ва сокинони маҳаллаҳо назарсанҷиҳои онлайн гузарондем. Ба ғолибон туҳфаҳо тақдим кардем. Бо ин роҳ шумораи обуначиёни канали “Телеграм” то 20 ҳазор нафар расид. Аммо баъдан ин рақам коҳиш ёфт ва ҳоло тақрибан шаш ҳазор обуначӣ дорем. Ин таҷриба нишон дод, ки танҳо таъсис додани саҳифа ё канал кофӣ нест. Барои нигоҳ доштани таваҷҷуҳи хонанда бояд мунтазам маводи ҷолиб, саривақтӣ ва ба талаботи аудитория мувофиқ пешниҳод кард.

– Оё рӯзнома дар шароити рақобат бо расонаҳои рақамӣ метавонад мавқеи худро нигоҳ дорад?

– Ба фикрам, метавонад. Албатта, ҳоло дастрасӣ ба иттилоъ нисбат ба пеш хеле осон шудааст. Одамон хабарҳоро тавассути телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ зуд мегиранд. Аммо рӯзнома низ имкониятҳои худро дорад. Он метавонад маводи муфассал, мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳо ва матолиби адабиву фарҳангиро пешниҳод кунад. Муҳим он аст, ки мо ба хонанда маводи босифат диҳем. Агар мавод ба зиндагии ӯ иртибот дошта бошад ва масъалаҳои муҳимро бозгӯ кунад, рӯзнома ҳамеша хонандаи худро пайдо карда метавонад. Дар баробари ин, бояд муҳтавои сомона ва шабакаҳои иҷтимоиро такмил диҳем, то хонандагон новобаста аз он ки аз кадом восита истифода мекунанд, ба маводи «Овози тоҷик» дастрасӣ дошта бошанд.

– Дар бораи норасоии кадрҳои ҷавон дар редаксия ишора кардед. Сабаби асосӣ чӣ аст? Маош, шароити зиндагӣ дар пойтахт ё омилҳои дигар?

– Маош яке аз омилҳост. Рӯзнома дар Тошканд ҷойгир аст ва пайдо кардани кадрҳои ҷавон дар ин шаҳр осон нест. Барои ҷавононе, ки аз минтақаҳои дигар меоянд, масъалаи манзил ва иҷора низ мушкили ҷиддӣ мебошад. Агар мутахассиси ҷавон аз вилоят ба Тошканд ояд, бояд ҳам ҷойи кор ва ҳам шароити зиндагии худро таъмин кунад. Ин барои бисёриҳо душвор аст. Бо вуҷуди ин, солҳои охир ҷавонон ба редаксия омадаанд ва мо кӯшиш мекунем, ки онҳоро омӯзонем ва таҷрибаашонро зиёд кунем. Агар мутахассисони ҷавони тоҷикзабонеро, ки ба фаъолияти рӯзноманигорӣ шавқ доранд, пайдо кунем, бо онҳо дар тамос мешавем ва барои ҳамкорӣ даъват менамоем.

– «Овози тоҷик» дар баробари масъалаҳои иҷтимоӣ ба адабиёт, фарҳанг ва ҳунар низ таваҷҷуҳ дорад. Барои пайдо ва муаррифӣ кардани истеъдодҳои ҷавон чӣ кор мекунед?

– Адабиёт ва фарҳанг аз самтҳои муҳими фаъолияти рӯзнома мебошанд. Мо шеър, ҳикоя, мақолаҳои адабӣ ва маводи марбут ба ҳаёти аҳли фарҳангро нашр мекунем. Дар саҳифаи адабӣ осори адибони тоҷикзабон, аз ҷумла намунаҳои адабиёти Тоҷикистон ва Эрон низ ҷой мегиранд. Ҳамчунин, дар бораи омӯзгорон, мактабҳои тоҷикӣ ва шахсоне, ки дар соҳаҳои гуногун муваффақ мешаванд, мавод омода мекунем. Чунин матолиб метавонанд барои ҷавонон намунаи ибрат бошанд ва онҳоро ба эҷодкорӣ, омӯзиш ва фаъолияти ҷамъиятӣ ҳавасманд созанд. Мо мехоҳем, ки рӯзнома барои адибон ва ҷавонони эҷодкор минбар бошад. Ҳар қадар ҷавонон бештар нависанд, эҷод кунанд ва осорашонро ба хонанда пешниҳод намоянд, ҳамон қадар муҳити адабӣ ғанитар мегардад.

– Шумо аз соли 2003 ба ин сӯ сармуҳаррир ҳастед. Дар ин муддат рӯзнома бо мушкилоти молиявӣ низ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз дастгирии давлат барои идомаи фаъолияти он чӣ аҳаммият дорад?

– Дар тӯли фаъолияти худ борҳо дар бораи ояндаи рӯзнома андеша кардаам. Замоне вазъи молиявӣ чунон душвор шуд, ки хавфи қатъ гардидани нашр низ вуҷуд дошт. Вақте ки ба мақомоти дахлдор муроҷиат кардем, ёрӣ расид ва имкони идомаи фаъолият фароҳам омад.

Мустаҳкам шудани муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ барои рушди робитаҳои фарҳангӣ ва расонаӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дастгирии давлатӣ ба идомаи нашри рӯзнома ва дастрас шудани он ба хонандагон мусоидат мекунад. Дар баробари ин, арзиши чопи рӯзнома баланд шудааст ва нигоҳ доштани фаъолияти мунтазами он хароҷоти зиёд талаб мекунад. Аз ин рӯ, масъалаи дастгирии молиявӣ ва пайдо кардани роҳҳои устувори рушди нашрия ҳамоно муҳим аст.

– Агар имрӯз ба як ҷавони тоҷик дар Ӯзбекистон фаҳмонед, ки чаро бояд «Овози тоҷик»-ро хонад, чӣ мегӯед?

– Якум, «Овози тоҷик» ба хонанда имкон медиҳад, ки аз ҳаёти тоҷикони минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон, вазъи мактабҳои тоҷикӣ, масъалаҳои забону фарҳанг ва дастовардҳои ҳамзабонони худ огоҳ шавад.

Дуюм, рӯзнома минбари адабиёт ва фарҳанг аст. Дар он метавон бо осори адибон, андешаҳои аҳли фарҳанг ва масъалаҳои марбут ба ҳифзи забони тоҷикӣ шинос шуд.

Сеюм, рӯзнома метавонад барои шинохти ҷомеаи худ, дарки мушкилоти иҷтимоӣ ва иштирок дар ҳалли онҳо мусоидат кунад. Мо мехоҳем, ки ҷавонон на танҳо хонандаи рӯзнома бошанд, балки фикру пешниҳодҳои худро низ баён кунанд, дар омода кардани мавод саҳм гузоранд.

Чорум, нигоҳ доштани рӯзномаи тоҷикӣ танҳо вазифаи кормандони редаксия нест. Ин масъулияти муштараки ҳамаи онҳое мебошад, ки ба забон, фарҳанг ва ояндаи тоҷикони Ӯзбекистон таваҷҷуҳ доранд.

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *