12 муҳориба, 12 пирӯзӣ ва ҳадаф – камарбанди UFC

Имрӯз Нурулло Алиев, ки бо тахаллуси “Уқоби тоҷик” маъруф аст,  27-сола шуд. Номбурда 16 октябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, имрӯз дар вазни сабуки UFC ҳунарнамоӣ мекунад.

Нурулло фаъолияти касбии худро соли 2018 оғоз кард. Пеш аз роҳ ёфтан ба UFC дар чанд созмони муҳорибаҳои омехта ҳунарнамоӣ кардааст.

25 феврали соли 2023 Нурулло нахустин муҳорибаи худро дар UFC анҷом дод. Ӯ размкори ботаҷрибаи бразилӣ Рафаэл Алвесро бо қарори аксарияти доварон шикаст дод ва ба яке аз аввалин намояндагони Тоҷикистон табдил ёфт, ки дар октагони UFC пирӯз шудааст.

Баъди танаффус ӯ моҳи январи соли 2025 ба октагон баргашта, Ҷо Солеккиро бо қарори якдилонаи доварон мағлуб кард. Моҳи ноябри ҳамон сол дар Қатар бар Шем Рок низ бо қарори якдилона пирӯз шуд.

Пирӯзии чоруми ӯ дар UFC 25 июли соли 2026 дар Абу-Дабӣ ба даст омад. Нурулло Алиев Майк Дэвисро дар се раунд пурра зери фишор қарор дода, бо ҳисоби 30-27 аз ҷониби ҳар се довар ғолиб дониста шуд.

Нурулло Алиев дар мусоҳиба бо Pressa.tj пас аз нахустин пирӯзияш дар UFC гуфта буд: «Ман Ҳабиб не, Нуруллои тоҷикам!». Алиев нақл кард, ки роҳи расиданаш ба UFC осон набуд. Ҳангоми тамрин дар Москва рӯзҳои сахти молиявиро аз сар гузаронидааст, аммо ҳадафи асосиашро муаррифии Тоҷикистон медонад.

Ҳоло пешорӯи  Нурулло Алиев як имтиҳони хеле муҳим аст. 24 октябри соли 2026 ӯ дар UFC 333 дар Абу-Дабӣ бо размкори амрикоӣ Грант Доусон, ки рекорди 24-3-1 дорад, рӯ ба рӯ мешавад. Ин метавонад яке аз муҳимтарин муҳорибаҳои фаъолияти касбии Алиев то имрӯз бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *