Мушаррафа Ҷӯраева – устоди чанд насли журналистон

29 август зодрӯзи доктори илмҳои филология, профессор ва устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мушаррафа Ҷӯраева аст.

Мушаррафа Рустамовна 29 августи соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи мактаби  рақами 15-и пойтахт  ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти  ӯ аз омӯзгорӣ оғоз ёфта, солҳои 1987 – 1993 дар мактабҳои рақами 15 ва рақами 55-и шаҳри Душанбе аз забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Мушаррафа Ҷӯраева соли 1998 рисолаи номзадӣ ва соли 2017 рисолаи доктории худро ҳимоя карда, соҳиби дараҷаи доктори илмҳои филология гардид.

Самтҳои асосии пажӯҳиши ӯ забони воситаҳои ахбори омма, услубшиносӣ, таҳрири адабӣ, одоби муошират дар ВАО, медиалингвистика ва маҳорати суханварӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин ба таҳқиқоти илмии аспирантону унвонҷӯён роҳбарӣ мекунад ва узви шуроҳои диссертатсионӣ оид ба журналистика ва забони тоҷикӣ мебошад.


Ҳоло номбурда дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият  дорад.

Мушаррафа Ҷӯраева аз ҷумлаи устодонест, ки даҳсолаҳо дар тарбияи журналистон, муҳаррирон ва муҳаққиқони ҷавон саҳм гузошта, омӯзиши забон ва услуби матбуоти тоҷикро ба яке аз самтҳои асосии фаъолияти илмии худ табдил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *