Се адиб унвони Нависандаи халқӣ ва як шоир унвони Шоири халқӣ гирифтанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 28-уми август ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба чаҳор тан аз адибони шинохтаи кишвар унвонҳои олии фахрии адабӣ додааст. Марямбонуи Фарғонӣ, Юсуфҷон Аҳмадзода ва Додохони Эгамзод соҳиби унвони «Нависандаи халқии Тоҷикистон» ва Файзи Ашӯр соҳиби унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» шудаанд.
 
Дар ҳамин маросим ҳамчунин як нафар бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I, ду кас бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, 4 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, 10 кас бо ордени Шараф дараҷаи II, 95 нафар бо медали ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 13 кас бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва 21 нафар бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шудаанд. Ҳашт нафар низ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар соҳаҳои илм ва техника дарёфт кардаанд.

Маълумот дар бораи соҳибунвонҳо

Марямбонуи Фарғонӣ аз чеҳраҳои шинохтаи наср, назм ва рӯзноманигории тоҷик аст. Ӯ 11-уми ноябри соли 1956 дар деҳаи Ровони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ба дунё омадааст. Соли 1977 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм карда, то охири соли 1984 дар мактаби зодгоҳаш омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик будааст. Баъди омадан ба Душанбе дар Маркази методии Вазорати маориф кор карда, аз соли 1990 ба рӯзноманигории касбӣ пайваст.  


Марямбону дар рӯзномаҳои «Паёми Душанбе», «Садои мардум», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Фирӯза» ва «Истиқбол» ва радиои «Садои Хуросон» фаъолият кардааст. Ӯ муаллифи тақрибан даҳ китоби назму наср буда, «Афсонаи тамаддун», «Хуморшикан» ва «Таманно» аз осори маъруфаш мебошанд. «Афсонаи тамаддун» соли 1996 сазовори Ҷоизаи байналмилалии адабии ба номи Борис Пастернак шудааст. Ҳамчунин, Марямбону ба ҷамъоварии фолклори тоҷикони Фарғона машғул шуда, рисолаи «Фарҳанги омиёнаи Сӯх»-ро таълиф кардааст.  
Дар эҷодиёти ӯ мавзуҳои ҳувияти миллӣ, забони тоҷикӣ, сарнавишти зан, зиндагии мардуми одӣ ва фарҳанги тоҷикони Фарғона мақоми муҳим доранд.
 
Юсуфҷон Аҳмадзода 29-уми декабри соли 1947 дар ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Ӯ дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил карда, ҳамзамон фаъолияти ношириро дар нашриёти «Ирфон» оғоз намудааст. Дар тӯли даҳсолаҳо дар соҳаи табъу нашр аз мусаҳҳеҳ ва муҳаррир то мудири шуъба ва муовини раиси нашриёти «Адиб» кор кардааст. Юсуфҷон Аҳмадзода махсусан ҳамчун адиби кӯдакону наврасон маъруф аст, ҳарчанд барои хонандаи калонсол низ шеър, қисса ва роман навиштааст. Нахустин маҷмӯаи ӯ «Туҳфаҳо» соли 1978 нашр шудааст. «Мурғобӣ, чӣ мекобӣ?!», «Хурсандӣ», «Ҳулбӯ», «Садсола шав-е, дурроҷ!», «Мӯрчае дона ёфт…», «Абри сафед», «Хурӯсаки тоҷбасар» ва «Ситорачаҳои барфӣ» аз ҷумлаи китобҳои ӯянд. Романҳои «Ҳафт рӯъё» ва «Ишқи духтари кулаҳпӯш» низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд.


Ӯ ҳамчунин осори бародарон Гримм, Ҳанс Кристиан Андерсен, Корней Чуковский, Самуил Маршак ва чандин адиби дигари ҷаҳонро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Қаблан бо ордени «Шараф», унвонҳои «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
 
Додохони Эгамзод  1-уми апрели соли 1951 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара таваллуд шуда, имсол 75-сола шуд. Ӯ соли 1974 шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст ва фаъолияти касбиашро ҳанӯз соли 1973 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намудааст.


Эгамзод солҳои гуногун дар «Комсомоли Тоҷикистон» ва «Адабиёт ва санъат» кор карда, солҳои 1989–1991 сармуҳаррири «Паёми Душанбе» ва баъдан муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон» будааст. Ӯ ҳамчунин роҳбарии нашрияҳои «Нилуфар», «Ноҳид» ва «Сухани халқ»-ро ба уҳда дошта, аз бунёдгузорони нашрияҳои «Саломат бошед!», «Лочин», «Лаку Пак» ва «Ганҷи Ворух» аст.

 Додохони Эгамзод дар наср ва махсусан ҳаҷв шуҳрат дорад. «Караван улыбок», «Лабханди Нодир», «Гаҳворабахш ё худ қиссаи зангирии худам», «1001 ханда», «Парастуи рамида» ва «Балогардон ё худ пораҳо аз хотираҳои як нависанда дар бораи се Президент» аз китобҳои ӯянд. Дар солҳои охир романҳои «Нигина ва Мирмалик» ва «Ахтари сабз» ва осори мунтахаби чорҷилдаи «Шукӯҳи Ворух» низ нашр шудаанд. Қиссаи «Фарзанди офтоб»-и ӯ ба чанд забони хориҷӣ тарҷума шудааст.
Ӯ қаблан бо ордени «Шараф» дараҷаи II ва чанд ҷоизаи адабӣ қадрдонӣ шуда буд.
 
Файзи Ашӯр соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ашӯр Сафар ва бародари шоир Гурез Сафар мебошад. Файзи Ашӯр факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори забони арабӣ оғоз кардааст.
Ӯ ҳамчун шоир, намоишноманавис ва таронанавис шинохта мешавад. Маҷмӯаҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Дунёст саҳна», «Ғизои андеша» ва «Рози оина» аз осори ӯ мебошанд. Намоишномаҳои «Захми дил», «Ё раб!», «Давлати Сомониён», «Ҳусайни аробакаш» ва «Фиғон»-и ӯ дар театрҳои кишвар рӯйи саҳна омадаанд.


Дар солҳои охир маҷмӯаҳои «Оре, манам дарахт» ва «Хатҳои бехато» низ аз Файзи Ашӯр ба нашр расидаанд. Пажӯҳишгарон аз Ватан, худшиносии миллӣ, модар, зиндагӣ, дӯстӣ, ахлоқ ва ишқ ҳамчун мавзуъҳои меҳварии ашъори ӯ ном мебаранд. Файзи Ашӯр барандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар буда, қаблан бо медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *