Кашфи ёдгории нодири меъморӣ дар ноҳияи Данғара
Дар деҳаи Ғарғараи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории асрҳои IX-XII кашф шудааст.
Дар ин бора Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ёдгории мазкур дар ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ аз ҷониби мутахассисони агентӣ ошкор шудааст.
Ҳоло дар маҳалли кашфи он корҳои таҳқиқотӣ идома дошта, натиҷаи пажӯҳишҳо дар шакли ҳисоботи илмию таҳлилӣ пешниҳод хоҳад шуд.
Ин ёдгорӣ дар доираи корҳои муайянсозӣ, омӯзиши вазъи нигоҳдорӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва бостонии кишвар пайдо шудааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, бозёфти ёдгории нав барои омӯзиши таърихи қадим, меъморӣ ва рушди фарҳангии минтақа дар асрҳои IX-XII аҳамияти муҳими илмӣ дорад.
Таҳқиқот дар ин самт идома дошта, натиҷаҳои муфассали он пас аз анҷоми корҳои илмӣ ба ҷомеа пешниҳод хоҳанд шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ