Рустами Эмомалӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардид.

Ҷоизаро имрӯз, 28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Рустами Эмомалӣ тақдим кард.

Тибқи иттилои расмӣ, ин ҷоиза барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушду нумӯи кишвар ба раиси шаҳри Душанбе супорида шудааст.

Ҳамчунин, имрӯз ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳо ва унвонҳои фахрӣ тақдим гардиданд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо дар Қасри миллат баргузор шуда, зимни он аз хизматҳои шахсоне, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм гузоштаанд, қадрдонӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *