Дар Душанбе ба шахсони дорои мушкили шунавоӣ 20 дастгоҳи шунавоӣ тақдим шуд

Намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон ба ташкилоти ҷамъиятии «Иттиҳодияи миллии ношунавоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 дастгоҳи шунавоӣ тақдим кард. Ба иттилои Хонаи русӣ дар Душанбе, ҳар дастгоҳ бо назардошти вазъи шунавоии шахс ба таври инфиродӣ танзим шуда, сипас ба ниёзмандон дода мешавад.

Неъмат Маҳмадалиев, яке аз гирандагони дастгоҳ баъди танзими он гуфтааст:

«Ҳоло бо дастгоҳи шунавоӣ ҳама чизро мешунавам, ҳатто садои кондитсионерро. Аз ин хеле шодам».

Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳо аллакай ба шахсони калонсоли дорои мушкили шунавоӣ, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, тақдим шудаанд.

Танзими инфиродии дастгоҳҳоро мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

Ин иқдом моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд низ идома меёбад. Дар он ҷо боз 10 дастгоҳи шунавоӣ ба ниёзмандон тақдим хоҳад шуд.

Дастгоҳҳо дар доираи лоиҳаи Россотрудничество «Россия с вами» пешниҳод шудаанд, ки ҳамчун бахше аз барномаи ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона амалӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *