Дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ аз 83% то 19% поён рафт

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои 1990 то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст. Дар ин бора муовини аввали сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода дар конфронси байналмилалии «Тоҷикистон ва 35 соли истиқлол: таҷрибаи сулҳофарӣ, сиёсати бисёрсамта ва рушди устувор» хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ яке аз дастовардҳои муҳими иҷтимоии кишвар дар солҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, Ҳоким Холиқзода гуфт, ки дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз 13,4 миллион сомонӣ дар соли 1991 то 176,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ низ аз 2,5 сомонӣ то 14,7 ҳазор сомонӣ расидааст.

Муовини аввали сарвазир афзуд, ки иқтисоди кишвар дар солҳои истиқлол ба ҳисоби миёна солона 7,6 дарсад рушд кардааст. Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшуда бошад, аз 670 миллиард сомонӣ гузаштааст, ки аз ин 159 миллиард сомонӣ сармоягузории хориҷӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *