Мансур Бобохонов – асосгузори омӯзиши тоҷикони ҷаҳон (видео)

28 август зодрӯзи донишманди маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Мансур Бобохонов аст. Соли равон ба 95-солагии зодрӯзи ӯ рост меояд.
 
Мансур Бобохонов 28 августи соли 1931 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1953 шуъбаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияти илмӣ ва омӯзгории худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз намуд.
 
Мансур Бобохонов аз пурмаҳсултарин таърихнигорони тоҷик ба шумор мерафт. Аз ӯ наздики 400 асари илмӣ, аз ҷумла монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои илмӣ боқӣ мондааст. Китоби дарсии ӯ оид ба таърихи Тоҷикистон тақрибан 20 сол дар мактабҳо истифода шуда, 8 маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ нашр гардид.


 
Яке аз муҳимтарин самтҳои таҳқиқоти ӯ таърихи тоҷикони ҷаҳон мебошад. Бо ташаббуси профессор Мансур Бобохонов ин фан ба барномаи таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои олӣ ворид шудааст.

Бо талоши ӯ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таъсис ёфт ва худи Бобохонов нахустин роҳбари он гардид.
 
Мансур Бобохонов 19 июли соли 2012 дар синни 80-солагӣ даргузашт. Мероси илмии ӯ то имрӯз яке аз манбаъҳои муҳим дар омӯзиши таърихи Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *