Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ дар Душанбе мактаби нави №105-ро ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ дар остонаи оғози соли нави таҳсили 2026–2027 сурат гирифт. Муассисаи нави таълимӣ барои 2400 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода буд, ки имсол чорабинии асосии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Сарвари давлат маҳз дар мактаби №105-и ноҳияи Шоҳмансур баргузор мешавад.



Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса, Дарси сулҳ бо иштироки Президенти Тоҷикистон дар ҳамин мактаб баргузор шуда истодааст. Суханронии Сарвари давлатро хонандагону донишҷӯён ва кормандони соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии саросари ҷумҳурӣ мустақиман тамошо мекунанд.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, 31 август дар муассисаҳои таълимии кишвар ҷамъомадҳои бахшида ба Рӯзи дониш баргузор мешаванд. Дар онҳо хонандагони синфҳои 8–11 ва донишҷӯён иштирок мекунанд. Хонандагони синфҳои 1–7 бошанд, аз 1 сентябр ба дарсҳои муқаррарӣ оғоз менамоянд.
Ифтитоҳи мактаби нави №105 дар ноҳияи Шоҳмансур дар идомаи бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Дар солҳои охир дар пойтахт як қатор мактабҳо ва биноҳои иловагии таълимӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ