Эмомалӣ Раҳмон: Теъдоди донишҷӯёни таҳсилоти миёнаи касбӣ афзоиш ёфт
Ҳоло дар Тоҷикистон 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 28 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекунанд. Аз ин шумора қариб 8 ҳазор нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 31 август зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, дар баробари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ сол ба сол афзоиш меёбад.
Ҳоло шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии кишвар ба 106 ҳазору 500 нафар расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли таҳсили 2020 – 2021 13 ҳазор нафар ва нисбат ба соли таҳсили гузашта 9 ҳазор нафар бештар мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин ба масъалаҳои рушди низоми маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ