Ҳомиддин Шарифов – роҳбаре, ки ба дониш ва хирад такя мекард

Расо 19 сол қабл, 29-уми августи соли 2007 бар асари бемории вазнин дили собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Ҳомиддин Ҳасанович Шарифов аз тапидан бозмонд. Рӯзи дигар, 30-юми август хабари даргузашти ӯ ба яке аз хабарҳои асосии расонаҳои дохиливу хориҷӣ табдил ёфт. Зеро Ҳомиддин Шарифов давоми солҳои фаъолият дар вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо садоқати комил ба Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати беғаразона ба халқу Ватан ном бароварда буд.

Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ёдоварӣ аз фаъолияти хизматӣ ва зиндагиномаи пуршебу фарози фарзанди содиқи давлату миллат Ҳомиддин Ҳасанович, бо собиқ командири полки посбонию пайраҳадорӣ, корманди фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии милитсияи Иттиҳоди Шӯравӣ, полковники милитсия Саидхуҷа Мирзохоҷаев суҳбат анҷом додем.

Бояд гуфт, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шахсони касбу кори гуногун, ки қобилияти роҳбарӣ ва фармондеҳии табиӣ доштанд, бо тақозои вазъи ҳамон давра ба ҷузъу томҳои хурду калони мусаллаҳ роҳбар буданд. Албатта, саҳми қисми зиёди онҳо дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ арзанда ва қобили таҳсин аст, зеро на ҳар кас дар он рӯзҳои сангин ҷасорату матонат дошт, ки ба майдони муборизаи мусаллаҳона ворид шуда, ҷони худро ба хатар гузорад. Вале, мутаассифона, ашхосе низ буданд, ки берун аз доираи муқаррарнамудаи қонун фаъолият доштанд. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ воҳиди махсус – баталиёни посбонию пайраҳадорӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро корманди собиқадори милитсия, афсари корозмуда ва дорои таҷрибаи ҷангӣ Саидхуҷа Мирзохоҷаев, ки он вақт сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ буд, ба уҳда гирифт.

Гарчанде ин воҳид аз нигоҳи ном баталиёни посбонию пайраҳадорӣ ном дошт, вале ҳайати шахсии он дар амалиётҳои ҷангӣ низ иштирок намуда, супоришҳои махсусро иҷро мекард. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ хуб дарк мекард, ки барои барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини осоиштагӣ ва тоза кардани сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз шахсони тасодуфӣ бояд ба воҳидҳои сохтории милитсия такя кард – воҳидҳое, ки таҷрибаи ҷангӣ дошта, дорои интизоми қавӣ ва аз ҳисоби кормандони касбии милитсия ташкил ёфта бошанд.

Шуруъ аз соли 1995 то соли 2005 воҳиди сохтории зикргардидаи Вазорати корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони мусаллаҳ саҳми назаррас гузошт. Тибқи фармони Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии полки посбонию пайраҳадорӣ барои пешгирии гаштугузори ғайриқонунии шахсони мусаллаҳ дар ҳудуди пойтахт масъул буд ва дар ҳолатҳои зарурӣ онҳоро, новобаста аз таъинот, бесилоҳ мегардонд.

Тавре Саидхуҷа Мирзохоҷаев ёдовар мешавад, соли 1997 вақте полковники ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев дар маркази вилояти Хатлон исён бардошта, ба таври ғайриқонунӣ ултиматум пешниҳод кард, нахустин шуда нерӯҳои Вазорати корҳои дохилӣ – баталиёни посбонию пайраҳадорӣ ба маркази вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Бо расидани ҷанговарони баталиён ва оғоз гардидани амалиёт дастаҳои мусаллаҳи М. Худойбердиев рӯ ба гурез ниҳоданд. Давоми чанд рӯз маркази вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар), гирду атроф ва ноҳияҳои ба кишвари ҳамсоя ҳамсарҳад аз дастаҳои хоину ошӯбгар тоза карда шуд.

Барои иштироки фаъол дар ин амалиёт вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов шахсан командири баталиён Саидхуҷа Мирзохоҷаевро барои сарфароз гардидан бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – медали «Ҷасорат» пешниҳод намуд.

Гузашта аз ин, бо ташаббуси Ҳомиддин Шарифов ҳайати шахсии баталиён аз 400 нафар то 750 нафар зиёд карда шуда, он ба полк табдил дода шуд. Таъминоти минбаъдаи полк бо муҳимоти ҷангӣ, сарулибос, маводи хӯрокворӣ ва техникаи зарурӣ пурра зери назорати бевоситаи вазир қарор гирифта, бо дастгирии ӯ дар ҳудуди полк толори варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зарурӣ ташкил карда шуд.

Саидхуҷа Мирзохоҷаев зимни суҳбат гуфт: «Мехоҳам таъкид кунам, ки дониш, хирад ва маҳорати баланди касбӣ ба Ҳомиддин Шарифов имкон дод, ки амалиёти “Барқосо” муваффақона тарҳрезӣ ва амалӣ карда шавад. Ба зимма гирифтани ин амалиёт аз оғоз то анҷом ташаббуси шахсии худи вазир буд. Сарфармондеҳи олии мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талаб карданд, ки тартиботи ҷамъиятӣ дар атрофи шаҳри Душанбе таъмин карда шавад. Ҳомиддин Шарифов ҳамчун вазири корҳои дохилӣ иҷрои ин супориш ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳро рисолати касбии худ медонист».

Полки посбонию пайраҳадорӣ ҳамчун воҳиди махсуси милитсия дар амалиёти «Барқосо» барои безарар гардонидани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ дар атрофи шаҳри Душанбе фаъолона ва далерона иштирок намуд.

– Баъд аз анҷоми амалиёти “Барқосо” Ҳомиддин Ҳасанович маро барои гирифтани ордени “Спитамен” пешниҳод намуданд. Маврид ба зикр аст, ки баъди ин амалиёт таъиноти минбаъдаи полк низ аз ҷиҳати моддиву маънавӣ ба сатҳи баланд расонида шуд. Минбаъд ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба зиммаи полки посбонию пайраҳадорӣ гузашта, барои ҳифзи иншооти муҳим ва стратегӣ муҳофизон аз ҳисоби полк ҷудо карда мешуданд,- изҳор дошт Саидхуҷа Мирзохоҷаев.

Собиқ командири полки посбонию пайраҳадорӣ воқеаҳои дигарро низ ёдовар шуд: “Хуб дар ёд дорам, боре нисфи шаб вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов бо ҳайати роҳбарикунандаи вазорат ногаҳон ба полк омада, фармони санҷишии “Бонги хатар”-ро доданд. Давоми чанд дақиқа ҳайати шахсӣ пурра дар майдони барои машқ пешбинишуда саф ороста, ҳозир-ғоиб гузаронида шуд. Маълум гардид, ки тамоми ҳайати шахсӣ мувофиқи таъинот дар ҷойҳои муқарраргардида қарор дошта, ягон нафари беасос дар полк набуда пайдо нашуд. Вазир аз ин ҳолат хеле хушҳол шуда, изҳори сипос намуд.

Бори дигар, вақте аз санҷиши яке аз посгоҳҳо бармегаштем, мошини хизматии мо ба садама дучор шуда, пешониам ба оинаи мошин бархӯрд. Азбаски ҷароҳатам вазнин набуд ва ҷониби дигари садама низ низомиён буданд, ҳодисаро овоза накарда, ба хона рафтам. Тахминан баъд аз як соат дари хона тақ-тақ шуд. Вақте дарро кушодам, пушти он вазири корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарифов бо ҳайати ҳамроҳонаш қарор дошт. Ҳайрон шудам, ки вазир барои чӣ ба хонаам омадааст? Пурсиши ӯ маро ба худ овард.

– Саидхуҷа, хабар омад, ки ба садама дучор шудӣ. Аҳволат чӣ хел аст?

Вақте вазир боварӣ ҳосил кард, ки ҷароҳати вазнин нагирифтаам, таъкид намуд, ки минбаъд худро эҳтиёт кунам.

Маълум шуд, ки вазир аз садама хабар ёфта, шахсан барои аз наздик дидани аҳволи ман ба хонаам омадааст. Чунин муносибати ғамхорона моро низ водор мекард, ки нисбат ба тобеони худ одилона ва дилсӯзона муносибат кунем”.

Саидхуҷа Мирзохоҷаев боз як хотираи ҷолиби дигарро нақл кард: “Боре яке аз наздикони Ҳомиддин Шарифов ба гирифтани унвони илмӣ мушарраф гардид ва маро низ барои табрик намудани он нафар бо худ ҳамроҳ гирифт. Зимни суҳбат бо он олими ҷавон Ҳомиддин Ҳасанович муддати даҳ дақиқа дар бораи фалсафаи дуализми Рене Декарт андешаҳои худро баён кард. Сипас дар бораи Никколо Макиавелли ва Иммануил Кант низ маълумоти хубу андешаҳои ҷолиб иброз дошт.

Ман аз вазир пурсидам:

– Шумо факултаи ҳуқуқшиносиро хондаед ё факултаи фалсафаро?

Дар ҷавоб вазир гуфт:

– Мо вазифадор ҳастем, ки адабиёт, фарҳанг ва таърихи миллати худро пурра донем ва дар баробари ин аз ҳикматҳои файласуфони ҷаҳон низ огоҳ бошем.

Воқеан, дониш ва хирад аз муҳимтарин василаҳои фаъолияти Ҳомиддин Шарифов буданд. Ӯ ҳангоми суҳбат ба донишу фаҳмиш ва қобилияти касбии шахс баҳо медод”.

Аз нақли хотираҳои Саидхуҷа Мирзохоҷаев бармеояд, ки Ҳомиддин Шарифов на танҳо ҳамчун роҳбари масъулиятшинос ва дорои маҳорати баланди касбӣ, балки ҳамчун инсони донишманду ғамхор дар хотираи ҳамкорон нақш гузоштааст. Ӯ дар қабули қарорҳои муҳим ба дониш ва таҳлили амиқи вазъият такя намуда, дар лаҳзаҳои ҳассос масъулияти роҳбариро шахсан бар дӯш гирифтааст.

Хусусияти дигари қобили таваҷҷуҳ муносибати инсонпарварона бо зердастон будааст. Аз нақлҳои С. Мирзохоҷаев эҳсос мешавад, ки Ҳомиддин Ҳасанович ба зиндагӣ ва ҳолу аҳволи кормандон низ бетафовут набуд.

Дар баробари ҷасорату матонат, инчунин ҷаҳонбинии васеъ ва шавқи номбурда ба илму фарҳанг аз бисёрҷабҳагии чеҳраи ин шахсият дарак медиҳад. Барои ӯ дониш на танҳо василаи пешрафти шахсӣ, балки заминаи роҳбарии дуруст ва тарбияи кадрҳои босалоҳият ба ҳисоб мерафт.

Имрӯз, пас аз солҳои зиёде аз даргузашти Шарифов Ҳомиддин Ҳасанович, хотираҳои ҳамкорон нишон медиҳанд, ки ёди инсон на бо мансаб, балки бо амал, садоқат ва муносибати нек ба мардум дар хотираҳо боқӣ мемонад. Ва зиндагии Ҳомиддин Ҳасанович аз ҷумлаи чунин саҳифаҳоест, ки метавон аз он барои насли имрӯз дарси масъулият, матонат ва хизмати содиқона ба давлату миллат гирифт.

Акрам САНГЗОДА,

Дилшоди АБДУЛМАҶИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *