Беш аз 13 миллион сомонӣ қарзи андозсупорандагони калон дар Хатлон

Бақияи қарзи андоз дар назди андозсупорандагони калони вилояти Хатлон 13 миллиону 326 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аввали сол аз бақияи қарз 107 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Зокир Каримзода, сардори Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон гуфт, ки 13 миллиону 326 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз қарзи эътирофшуда мебошад. Ӯ мегӯяд, ки тибқи тартиби муайяннамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андоз андешида шуда истодааст.

— ҶДММ “Оли Сомон”-и ноҳияи Дӯстӣ 2 миллиону 187 ҳазор сомонӣ, Хоҷагии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён зиёда аз 4 миллон сомонӣ ва ҶДММ “Субҳи Сарбанд” 1 миллиону 102 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Боз субъетҳое дар рӯйхат ҳастанд, ки қарзҳои нисбатан хурд доранд ва мо нисбаташон ҳар моҳ чораандешӣ мекунем,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *