Қартабозӣ гуноҳ аст?

Мо ҳар бегоҳ бо ҳамсояҳо қартабозӣ мекунем, вале як муллои ҳамсоя мегӯяд, ки қартабозӣ ва дигар намудҳои қиморбозӣ аз нигоҳи дини мубини ислом ҳаром ҳисоб меёбад. Мехоҳам донам, ки ин гап ҳақиқат дорад ё не?

БАҲРОМ, ноҳияи Рӯдакӣ

Посух:

Дар қартабозӣ ва дигар навъҳои бозӣ, агар маблағ гузошта шавад, он қимор ба ҳисоб меравад ва тибқи ояти қуръонӣ ҳаром мебошад.

Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Эй муъминон, ҷуз ин нест, ки хамр ва қимор ва нишонаҳои маъбудони ботил ва тирҳои фол палид ва аз кирдори Шайтон аст, пас, аз вай дурӣ кунед, то бувад ки растагор шавед”. (“Анъом”, 90). Қартабозӣ ва амсоли он бидуни маблағ анҷом дода шаванд, пас як навъ лаҳв ва кори беҳуда ба шумор рафта, боиси зоеъ шудани умри гаронмоя мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *