Саволи хонанда: Кай оби гарм меояд?

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, рӯзҳои сард фаро расиданд. Ҳарорати ҳаво охири моҳи октябр паст хоҳад шуд. Мехостам, донам, ки Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе кай фиристодани оби гармро ба хонаҳо оғоз мекунад?

САВРИГУЛ, сокини шаҳри Душанбе

— Аз Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар доданд, ки шуруъ аз 14-уми октябр як қисмати шаҳри Душанбе, яъне ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин гардидааст. Тибқи иттилои манбаъ, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур карда шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян, яъне як ҳафта зарур аст.

Таъкид шудааст, ки Марказҳои барқу гармидиҳии №1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барои мавсими кории зимистони имсола захираи ангишт то санаи имрӯза 891 ҳазор тонна ва мазути камсулфур зиёда аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *