Қарздорони буҷа, мардуми одӣ ё ширкатҳои бузург?
Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон ба хабаргузориҳо изҳор намудааст,ки касри буҷа,ки дар нуҳ моҳи соли равон тақрибан 63 миллион долларро дар бар мегирад, бештараш аз ҳисоби қарздорҳои калон, шакл гирифтааст. Зеро 53 фисади yақшаи ворид гардидани андоз ба буҷаро бояд ин корхонаҳо таъмин мекарданд. Кумитаи андоз гуфтааст,ки имсол ҳаҷми хидматрасониҳои фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо низ ба мароитиб кам шудааст. Ин сабаб гардидааст,ки то якуми октябри имсол бо замми қарзи солҳои гузашта буҷа бештар аз 1 миллиард сомониро нагирифтааст.
Тавре Кумитаи андоз рӯихати қарздоронро ба ВАО пешниҳод намудааст, қарзи андози андозсупорандагони бузург чунин будааст:
1.Нирӯгоҳи Сангтӯда-1 — 115,6 миллион сомонӣ,
2.Фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ – 67,8 миллион сомонӣ
3.Нирӯгоҳи Роғун — 43,2 миллион сомонӣ
4.ТАЛКО -22 миллион сомонӣ
5.Ширкати «Тоҷиктелеком» — 18,8 миллион сомонӣ.
Тавре аз ҷадвали мазкур дида мешавад, дар байни қарздорон ҳатто “Тоҷиктелеком” ,ки муштариёни он ҳамаруза аз баланд будани нархи интернету истифодабарии телефон меноланд ва гузашта аз ин,ин нархҳо нисбати дигар кишварҳо хеле баландтаранд, аз буҷаи кишвар қарздор бошад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ