ҚАСДИ ХУДСАРОНА АЗХУДКУНИИ ЗАМИНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ ҲАМСОЯҲО БОИСИ МУНОҚИША ДАР МАРЗ ГАРДИД (видео)

Рӯзи 8 майи соли 2020 гурӯҳе аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони маҳаллаи Чеки ноҳияи Боткон худсарона ва дидаю дониста ба саҳрои маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, дар масоҳати 60 сотихи қитъаи 4 гектараи замине, ки ба марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҷуворимакка кориданд.

Ин амали худсарона ва ғосибонаи ҳамсояҳо боиси норозигии сокинони маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ гардида, онҳо монеъи ин амали ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд, аммо сокинони ноҳияи Боткон ба талаботи онҳо беэътиноӣ карда, муноқишаро оғоз намуданд.Соати 17,05-и ин рӯз аввалан, байни сокинони ин ду маҳаллаи наздисарҳадӣ ҷанҷоли лафзӣ сурат гирифта, баъдан ба сангпартойӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа як сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Шаропов Аёмиддин соли таваллудаш 1971ҷароҳати сахт бардошта, ба беморхонаи шаҳр интиқол дода шудааст.Аммо, дар як фурсати кам зиёда аз 80 нафар сокинони ноҳияи Боткон таҳти пуштибонии наздик 30 сарҳадбон ва 10 милиционери қирғиз муноқишаро тақвият бахшида, бо истифода аз яроқи шикорӣ ба сӯи аҳолии бесилоҳи маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара тир кушоданд. Дар натиҷа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қуммазори ҷамоати деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара, кӯчаи Ибод Файзуллоев аз яроқи оташфишон ҷароҳати вазнин бардошт ва алҳол дар Беморхонаи Исфара ҷарроҳӣ карда мешавад.Баъдан ба муноқиша сарҳадбонони қирғиз ҳамроҳ шуда ҳамчунон бо истифода аз яроқи оташфишон ба сӯйи шаҳрвандон в сарҳадбонони Тоҷикистон тирпарронӣ намуданд ва сарҳадбонони тоҷик низ тирҳои ҷавобӣ гардониданд.Айни замон раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ва сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар мавзеъи муноқиша қарор дошта, бо ҳамтоёни қирғизи худ музокира доранд.

Gepostet von Рахманов Өткүрбек Откурбек am Freitag, 8. Mai 2020

ИҚБОЛ ТЕШАЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *