Устодони факултаи журналистика беморанд, шогирдон нигарон

Саъдӣ Маҳдӣ декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чанд тан аз устодони факултет, аз ҷумла олими саршинос, профессор Баҳриддин Камолиддинов бемор шудаанд. Бемории устодон дар пайи хуруҷи короновирус дар кишвар шогирдонро нигарон кардааст.

Ба гуфти Саъдӣ Маҳдӣ, ки профессор Баҳриддин Камолиддинов ҳамин рӯз телефонӣ иртибот доштааст, вазъи саломатии олим беҳтар шудааст.
«Он кас дар табобат ҳастанд. Овозашон чун пештара бардам буд. Гуфтанд, ки вазъаш хуб аст. Дар хона табобат гирифта истодаанд. Як келинаш духтур будааст, ки устодро нигоҳубин мекунад. Саратон аз санг бод устодо»-менависад, Саъдӣ Маҳдӣ, дар саҳифаи Фейсбук.
Ҳамчунин, Саъдӣ Маҳдӣ иттилоъ медиҳад, ки дар баробари Камолиддинов дигар устодони факултет, аз ҷумла Ҷовид Муқим, Зафар Аскар, Алиҷон Нуралиев, Гулнора Қулматова, Искандар Қурбонов ва Суҳроби Мирзоалӣ низ беморанд.
Пас аз он ки нигаронии шогирдон дар шарҳҳо пайдо шуд, Саъдӣ Маҳдӣ гуфт, ки ин нафарон короновирус нестанд балки гулударду бронхит ҳастанд. Ҳол он ки гулудардӣ ва бронхит нишонаҳои короновирус аст.
Донишҷӯён аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ин устодон то чанд рӯзи қабл барояшон дарс гуфтаанд ва бо онҳо дар як аудитория қарор доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *