Қатар дар Душанбе шаҳраки нав месозад
Масъалаи бунёди шаҳраки нав дар Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб баррасӣ шуд.
Инчунин, дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки «Диёри Душанбе» ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар Душанбе зарур шуморида шуд.
Бояд гуфт, ки ҳоло аз лоиҳаҳои нисбатан маъруфи Тоҷикистону Қатар ин маҷмааи “Диёри Душанбе” ва калонтарин масҷиди ҷомеи Душанбе мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шудаанд.
Моҳи ноябри соли 2012 сафорати Қатар дар Душанбе ва моҳи майи соли 2013 сафорати Тоҷикистон дар Давҳа боз шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ