Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Лубнон бозӣ мекунад

Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 бо Лубнон анҷом медиҳад.

 Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Лубнон дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо либоси сафед ва Лубнон бо либоси сурх ба майдон мебароянд.

Доварон аз Ироқ бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Лубнонро ҳакамӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *