Қатли роҳбари “Ҳамос” дар Теҳрон

Исмоил Ҳания, раиси Дафтари сиёсии гурӯҳи фаластинии «Ҳамос» шаби 30 ба 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Ҳания рӯзи 30-юми июл дар маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Эрон Масъуди Пизишкиён ширкат дошт.

Сипоҳи посдорони Эрон субҳи 31-уми июл дар хабарномае гуфт, ки маҳали истиқомати Исмоил Ҳания дар Теҳрон мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар пайи ин ҳодиса ӯ ва як нафар аз муҳофизонаш кушта шудаанд.

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” ҳам ин хабарро тасдиқ кард. “Бародар, пешво, муҷоҳид Исмоил Ҳания, раҳбари ҷунбиш, пас аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури ҷадиди Эрон, дар як ҳамлаи саҳюнистон ба қароргоҳи худ дар Теҳрон кушта шуд”,- хабар медиҳад “Ҳамос”.

ИРНА дар гузориши дигаре ба нақл аз хабаргузории «Само»-и фаластинӣ изҳороти Мусо Абумарзуқ, узви дафтари сиёсии «Ҳамос»-ро бозтоб додааст, ки таъкид карда, террори Исмоил Ҳания бепосух нахоҳад монд. «Террори фармондеҳ Исмоил Ҳания амале буздилона аст ва бепосух нахоҳад монд»,- афзудааст Мусо Абумарзуқ.

Al-Arabiya хабар дод, ки Исмоил Ҳания дар натиҷаи ҳамлаи мушакӣ ба манзиле дар Теҳрон ки ӯ дар ҷараёни сафараш ба Эрон онҷо мезист, кушта шудааст.

“Исмоил Ҳания соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 03:30 ба вақти Душанбе — “Бомдод”) дар натиҷаи мустақиман ба макони зисти раҳбари дафтари сиёсии ҲАМОС асобат кардани мушак кушта шуд”, — гуфта мешавад дар гузориши “Ал-Арабия”.

Дар ТСАХАЛ (артиши Исроил) гуфтаанд, ки “хабарҳои расонаҳои хориҷиро шарҳ намедиҳанд”. Аммо вазири умури Байтулмуқаддас ва мероси Исроил Амихай Элияҳу гуфтааст, қатли Исмоил Ҳания “як шеваи дурусти тоза кардани дунёст”. “Марги Ҳания ҷаҳонро беҳтар мекунад” — таъкид кардааст ин вазири исроилӣ.

Пас аз ҳамлаи рӯзи ҳафтуми октябри соли гузаштаи «Ҳамос» ба Исроил, Телавив гуфта буд, ки ин гурӯҳро аз байн мебарад.

Чанд узви хонаводаи Исмоил Ҳания, аз ҷумла се писар ва чаҳор наберааш ҳам дар ҳамлаи ҳавоии Исроил дар моҳи апрел дар Ғазза кушта шуданд.

Исмоил Ҳания соли 2017 ба унвони раиси Дафтари сиёсии «Ҳамос» интихоб шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *