Қатъномаи пешниҳоднамудаи Тоҷикистон дар СММ қабул шуд

Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи “Пайгирии натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Подшоҳии Нидерланд ва Ҷумҳурии Сенегал пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул намудааст.

Бори нахуст ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси оби СММ (рӯзҳои 22-24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид) садо дода буд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар бахши амалиётии қатънома дар баробари қарори баргузории Конфронси оби СММ соли 2028 дар Тоҷикистон инчунин дар соли 2026 барпо намудани Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об ҷиҳати суръатбахшии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъйид гардидааст.

Инчунин, МУСММ аз Дабири кулли СММ даъват ба амал овардааст, ки то охири иҷлосияи 78-уми МУСММ дар машварат бо кишварҳои узви СММ стратегияи фарогирро оид ба обу санитария омода ва ба кишварҳои аъзо пешниҳод намояд.

— Қатънома таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳама сатҳҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ кардани ҳадафу мақсадҳои марбут ба обу беҳдоштии Рӯзномаи 2030, хусусан барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур мешуморад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *