Фаррух Авезов дар ҳавопаймо мусофиреро наҷот дод (видео)

Табиби тими миллии Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фаррух Авезов ҷони мусофиреро дар ҳавопаймо наҷот додааст.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳавопаймое, ки аз Истамбул ба Сингапур парвоз мекард, эълон кардаанд, ки фавран духтур лозим аст. Табиби мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, ки дар дохили ҳавопаймо будааст, сари вақт ба мусофир кумак карда, ӯро аз ҳолати вазнин баровардааст.

— Фаррух Авезов беш аз 25 сол дар соҳаи футбол кор мекунад ва имсол ӯ барои дастовардҳои шоён дар соҳаи тиби варзишӣ бо ҷоизаи тиллоии Конфедератсияи футболи Осиё сарфароз гардонида шуд,- меафзояд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Сингапур ба Сингапур рафт. Ин дидор 8-уми сентябр дар варзишгоҳи «Бишан»-и Сингапур баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *