Қазияи Мадина бо тафсилоти бештар. Чаро волидайни Азиза хомӯшанд?

Ахиран гуфтугӯи падари Мадина Муҳаммадҷонова дар бораи қазияи латукӯби духтараш, чӣ гуна муносибат доштани ӯ бо Парвиз Давлатов ва  чанд далели нави дигар расонаӣ шуд. Амон Қаробоев дар суҳбат ба «Озодӣ» гуфтааст, ки ҳангоми хурд будани духтараш аз модари ӯ ҷудо шуда, ба Русия рафта буд. Дар онҷо ҳамчун соҳибкор фаъолият доштааст. Вай  мусибате, ки ба сари духтараш омадаро 6-уми сентябр тариқи телефонӣ аз ҳамсари пешинааш фаҳмидааст. Баъдан, 10-уми сентябр ба Душанбе омада, давоми ду ҳафта аз ҳоли духтараш дар беморхона огоҳ ва бо чанд нафари дигар суҳбат доштааст.

Мадина Муҳаммадҷонова кист?

Амон Қаробоев мегӯяд, Мадина танҳо фарзанди ӯ аз издивоҷи аввалааш аст. Ба нақли ӯ, бар асоси созиш бо модари Мадина, ба духтараш хонаеро дар Душанбе тақдим карда буд ва Мадина ҳам рӯзи фоҷеа аз ҳамин хона берун рафта, нопадид шуд. Ба гуфтаи падар, Мадина хеле ҷавон арӯсӣ карда, насаби шавҳарашро гирифт ва аз ин издивоҷ, ки ба гуфтаи падар, пур аз мушкил буд, як духтари 11-сола дорад.

Қаробоев мегӯяд, дар бораи робитаҳои духтараш бо Парвиз Давлатов, ки аз рӯйи гуфтаҳои модари Мадина ду соли охир идома доштааст, танҳо баъди фоҷеа огоҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран Мадина дарк мекард, ки падараш мухолифи муносибатҳои ӯ бо марди соҳиби оила мешуд, аз ин рӯ, робитаҳоро хеле маҳдуд карда, дар бораи ҷузъиёти зиндагии шахсиаш намезад.

Ба иттилои падар, Мадина хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе буда, то тобистони имсол ҳамчун муҳосиб (бухгалтер) дар ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” кор кардааст. Ба гуфтаи падар, ки ба нақли модари Мадина такя мекунад, ӯро тобистон “Парвиз бо талаби ҳамсараш аз кор ронд ва Мадина бекор буду манбаи даромад надошт”.

Ӯ иддао кард, ки домоди собиқаш дар пардохти алимент ба фарзандаш таъхир мекард ва, аз ин рӯ, Мадина ба пул эҳтиёҷ дошт.

Зани дуюм ё маъшуқа?

Амон Қаробоев бо такя ба ҳарфҳои ҳамсари собиқаш рӯзи 3-юми ноябр гуфт: “Вақте ба Душанбе расидам, модари Мадина гуфт, ки ӯ дар амал, тавре дар Тоҷикистон мегӯянд, зани дуюм буд, вале дар фаҳмиши ман ӯ маъшуқа буд. Ӯ маъшуқаи Парвиз Давлатов буд. Дар бораи ин ҳама ҷузъиёт хабар надоштам. Модари Мадина ҷузъиёти зиндагии шахсии ӯро аз ман пинҳон медошт… Баъд ӯ гуфт, ки Мадина 25-уми август нопадид шуд ва Парвиз шаби дер ӯро ба “Қарияи Боло” бурд. Парвиз ба модари Мадина телефон карда гуфтааст, ки ӯ дар шуъбаи эҳёгарӣ аст.”

Ба нақли падари Мадина, ӯ субҳи 10-уми сентябр ба дидани духтараш ба бемористон рафт, аммо ба ҷои як зани ҷавони зебову шукуфон шахсеро дид, ки «беҳуш хоб буд ва гоҳ-гоҳе аз дард ва ҳолати нофаҳмо дод мезад.»

Қаробоев бо такя ба нақли модари Мадина гуфт: «Дар он рӯзи наҳси 25-уми август Парвиз Давлатов дар хонаи Мадина будааст. Азиза Давлатова бар асоси геолокатсия макони будубоши шавҳарашро фаҳмида, ба назди хонаи Мадина меравад. Байнашон баҳс сар мезанад. Ду зан ба мошин нишаста, ба назди Парвиз рафтаанд. Куҷо рафтанд, намедонам. Онҳо аз Парвиз талаб карданд, ки якеро интихоб кунад. Парвиз гуё ҳардуро пеш кардааст.»

Ман ҳам аз фарзандам ҳимоят мекунам

Амон назари падари Лутфулло Давлатовро дар расонаҳо хондааст. Ӯ мегӯяд, ӯ ҳам падар аст ва фарзанди худро ҳимоят мекунад, вале ман ҳам аз фарзандам дифоъ мекунам ва ин парвандаро то охир мерасонам.

Давлаталӣ Давлатзода, собиқ муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили парлумон  гуфт, ба эътимоди ӯ на писараш, балки арӯси хонавода, Азиза Давлатова бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад. Ӯ гуфт, «лекин барои чӣ Парвизро гунаҳкор карда истодаанд, ҳеч намефаҳмам.»

Аммо Амон Қаробоев мегӯяд, Лутфулло Давлатов, ки “мард асту аз духтари ман 15 сол бузургтар аст, бояд масъулият дошта бошад”. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо хосташ ин аст, ки адолат тантана кунад ва озордиҳандагони Мадина аз рӯи қонун ҷазо бинанд.

Ҳоло Мадина Муҳаммадҷоноваи 32  — сола дар шифохонаи «Қарияи Боло»-и шаҳри Душанбе бистарист. Наздик ба ду моҳ гузаштааст, аммо то ҳол  ӯ  дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад. Бо гумони даст доштан дар латукӯби Мадина, зану шавҳар Парвиз Давлатов ва Азиза Давлатова дастгир ва   дар боздошгоҳ қарор доранд. Ҳар дуро 1-уми ноябр пас аз муроҷиати фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дахолати раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ дасатгир намуданд. Волидайни Азиза Давлатова то имрӯз дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд. Аммо падари Парвиз Давлатов иддао дорад, ки писараш бегуноҳ аст. Парвандаи ин моҷаро бар зиммаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон вогузор гардида, то ҳол натиҷаи тафтишот расонаӣ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *