Шаби гузашта «Спитаменбонк» сӯхт

Шаби гузашта дар бинои намояндагии “Спитаменбонк” дар ноҳияи Ёвон сӯхтор рух додааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сӯхтор соати 23-и шаби 4-уми октябр рух додааст. Ин бонк дар маркази ноҳия қарор дорад ва ба гуфтаи корбарон оташ дар ошёнаҳои болоии бино аланга гирифтааст.

Тавре гуфта мешавад, оташсӯзӣ дар боми бино рух додааст. Бар асари ин сӯхтор симҳои интернети бонк хароб ва кори онҳо  муваққатан қатъ шудааст.

Дар ҳукумати ноҳияи Ёвон гуфтанд, сӯхтор чанд соат идома кардааст ва ҳоло сабабҳои он таҳқиқ мешавад. Мақомот айни замон дар бораи зарари ин оташсӯзӣ чизе нагуфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *