Қазоқҳо соҳиби боз як навзоди 6-килоӣ шуданд

Дар Алмато навзод бо вазни 6 килою 280 грамм таваллуд шудааст. Қади кӯдак 66 сантметр аст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон. Гуфта мешавад, кӯдак дар ҳафтаи 40 бо ҷарроҳии қайсарӣ таваллуд шудааст. «Вазъи модар ҳоло қаноатбахш аст. Ин фарзанди ӯст. Навзод ҳам комилан сиҳат аст ва ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд», — афзудааст Гулнора Нурланова, мудири шӯъбаи бемористон. Ба гуфтаи ӯ, ин бузургтарин кӯдак дар Маркази перинатология ва ҷарроҳии қалби кӯдакона ба дунё омадааст. Гулнора Нурланова гуфт, аз ин қабл ҳам як кӯдаки калонҷусса таваллуд шуда буд, аммо ӯ 5 килою 800 грамм вазн дошт. Қаблан дар вилояти Қӯстанай тифл ба дунё омада буд, ки 6 килою 155 грамм вазн дошт ва қадаш 57 сантиметр буд. Вазни зиёда аз панҷ кило барои навзодон азим ҳисобида мешавад. Чунин кӯдакон хеле кам таваллуд мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *