Ҳамлаи мухлисон ба бозингароне, ки бозиро бохтанд

Мухлисон ба футболбозони «Легия»-и Варшава баъди мағлубият дар вохӯрии даври 18-уми чемпионати Полша аз «Висла» бо ҳисоби 0:1 ҳамла карданд. Дар ин бора Interia хабар медиҳад.

Баъди ба охир расидани бозӣ, ки 12-уми декабр баргузор гардид, мухлисон футболбозону мураббиёнеро, ки бо автобус ба макони тамрин мерафтанд, таъқиб карданд. Дар он ҷо мухлисон вориди автобус шуда, ба бозингарон ҳамла карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодиса се футболбоз ҷароҳат бардоштаанд. Дар ҳамин ҳол, пулиси ба ҷои ҳодиса расида истифодаи зӯр алайҳи бозингаронро таъйид накардааст.

Инчунин хабар дода мешавад, ки пас аз мағлубият мураббии «Легия» Марек Голембиевски дар утоқи либоспӯшӣ бо бозингарон хайрухуш карда, истеъфояшро эълон намудааст. Лешек Озинскии 49-сола, ки дар бозиҳои охирини даста ҳозир буд, метавонад ӯро иваз намояд.

Барои «Легия» чунин мағлубият пайи ҳам бори сеюм буд. Аз ҷумла даста дар лигаи Аврупо аз «Спартак»-и Москва бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *