Қазоқистон аз Тоҷикистон пиёз мехарад
Барои бо пиёз таъмин намудани бозори Қазоқистон мақомоти Тоҷикистону ин кишвар қарордоди дахлдорро ба имзо расонидаанд.
— Созишномаи дахлдор дар ҷараёни сафари ҳайати Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини аввали вазири савдо ва ҳамгироӣ Арман Шакалиев ба ҷумҳурӣ ба имзо расид,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати савдои ҷумҳурӣ.
Мавзуи аслии музокирот таъмини бозори Қазоқистон бо маҳсулоти зарурии меваю сабзавот дар ин мавсим будааст, ки захираи сабзавоти маҳаллӣ тамом мешавад ва ниёз ба воридот пайдо мегардад.
Бояд гуфт, ки қаблан нархи пиёз дар Қазоқистон якбора боло рафта буд (22% — то 400 тенге), ки сабаб талафоти ҳосил, сармо ва обхезӣ дар Ӯзбекистон ва Покистон будааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи омор, дар моҳи январи соли ҷорӣ қимати пиёз дар Тоҷикистон 31,6% боло рафтааст. Агар дар моҳи декабри соли 2022 як кило пиёз ба ҳисоби миёна 3,5 сомонӣ арзиш дошт, пас дар моҳи январи имсол ҳамин миқдор пиёз аллакай 10-11 сомонӣ шуда буд. Мақомот сабабро номусоидии обу ҳаво ва аз сабаби сармо дар анборҳо талаф шудани қисмате аз ҳосил унвон карданд.
Дар соли 2022 аз 672 ҳазор тоннаи ин сабзавот ҳудуди 66,6 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар фурӯхта шудааст.
Дар соли 2023 дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 17 ҳазор гектар кишти пиёз дар назар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ