Кумаки Роналду ба зарардидагони заминларзаи Туркияву Сурия

Ҳамлагари дастаи “Ан-Наср” Криштиану Роналду тариқи ҳавопаймо ба мардуми аз заминларза зарардидаи Туркия ва Сурия кумаки башардӯстона фиристодааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо хаймаҳо, ғизо ва доруворӣ мавҷуд будааст. Дар баробари ин, Роналду бо Набил Саид мулоқот намуда, ваъдаи кумаки бештареро додааст.

Пас аз заминларза дар Сурия Набил Саид ба наҷотдиҳандагон гуфт, ки орзуи дидор бо Роналдуро дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе бо суханони ӯ паҳн шуд ва ӯро ба бозии мусобиқаи қаҳрамонии Арабистони Саудӣ «Ан-Наср» бо «Ал-Батин» (3:1), ки рӯзи ҷумъа баргузор шуд, даъват карданд.

Набил пеш аз бозӣ бо Роналду вохӯрда, бо ӯ суҳбат кард ва ба бозингар баҳои баланд дод.

“Вақте ман Роналдуро дидам, фикр кардам, ки ин хоб аст. Ман ба чашмони худ бовар накардам. Намедонам ин хоб кай тамом мешавад. Аз Худо талаб мекунам, ки ин хоб набошад”,- гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем ки, дар заминларзаи моҳи феврал дар Туркия ва Сурия беш аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *