Қазоқистон неругоҳи атомӣ месозад?

Беш аз 71 дар сади мардум дар Қазоқистон ба тарафдории бунёди нахустин неругоҳи барқи атомӣ дар қаламрави кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ раъй додаанд.

Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон рӯзи 7-уми октябр хабар дод, ки тақрибан 8 миллион нафар ё бештар аз нисфи мардуми бархӯрдор аз ҳақи раъй гуфтаанд, тарафдори бунёди неругоҳи атомӣ ҳастанд.

Мухолифон мегӯянд, ки бунёди неругоҳи атомӣ харҷи зиёд дорад ва муҳити зистро олуда мекунад.

Қазоқистон бузургтарин тавлидкунандаи ураниум дар ҷаҳон аст ва захираҳои бузурги нафту газ дорад, вале айни замон аз норасоии неруи барқ ранҷ мекашад. Бинобар ин, чанд сол аст, ки масъалаи бунёди неругоҳи атомиро ба миён гузоштааст. Чину Фаронса ва Русияву Куриёи Ҷанубӣ саъй доранд, ки ҳақи бунёди неругоҳро ба даст биёранд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мегӯяд, ки неругоҳ бузургтарин тарҳ дар таърихи Қазоқистони соҳибистиқлол хоҳад шуд. 

Неругоҳи атомӣ дар даштҳои Қазоқистон ва дар канори Кӯли Балхаш, дувумин кӯли азим дар Осиёи Марказӣ сохта хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *