Қимматӣ дар Ӯзбекистон. Маҳсулоти ордӣ 30-40 дарсад гарон шуд
Таҷрибаи хариди гандум аз деҳқонон бо қимати бозор боиси гаронии на танҳо орду «хлеб», балки дигар маҳсулот гардид.
Шуруъ аз 1-уми июн қимати «хлеб» дар мағозаҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз 1600 сӯм ба 2800 сӯм расид. Ба ин тартиб, «хлеб» якбора 80 дарсад гарон шуд. Ба дунболи он дигар навъи маҳсулоте, ки аз орд омода мешаванд, 30-40 дарсад гарон шуд.
Ҳамакнун кишоварзон дар Ӯзбекистон як кило гандумро 3 ҳазор сӯм (муодили 0,27 доллар) мефурӯшанд. Дар ҳоле, ки соли гузашта гандум дар Ӯзбекистон 1850 сӯм харидуфурӯш мешуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ