Ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ барои Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд

Дар доираи лоиҳаи «Корвони саломатӣ», ки бо маблағгузории Фонди авруосиёии субот ва рушд дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шуд, ба Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ду адад нақлиёти сайёри тиббӣ дастрас карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят бо рафти таъмиру барқарорсозӣ ва корҳои ободониву созандагӣ дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд шинос гардидааст.

Тибқи иттилои манбаъ, нақлиёти махсуси сайёр дорои таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла таҷҳизоти рентгенӣ, ташхисӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ аст. Тавассути нақлиёти сайёр ба таври таҷрибавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров «Корвони саломатӣ» гузаронида шудааст, ки аз ҷониби табибон 200 нафар аз муоина гузаронида шудаанд. Сокинонро табибони амрози дарунӣ, амрози занона, дилшинос, духтурони чашм, гӯшу гулӯ ва бинӣ, дилшиносон бо истифода аз таҷҳизоти нақлиёт муоина намудаанд.

— Раиси вилоят ҳамзамон корҳои таъмиру барқарорсозии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расонидани корҳо супоришҳо дода шуд. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити корӣ ва қабулу табобати кӯдакону наврасон лоиҳаи бинои ёрирасон омода ва ба роҳбарияти вилоят пешниҳод карда шавад,- афзуд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *