Қирғиз сулҳ намехоҳад!?
Ҷониби Қирғизистон бо амалҳои худ собит мекунад, ки сулҳ намехоҳад. Қабули қонуни нав дар мавриди тақсими силоҳ ба сокинони манотиқи марзии Бодканду Ош далели низоъхоҳии қирғиз мебошад.
Аъзои кумитаи равобити байналмилалӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати Жогорку Кенеш — парлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябри соли 2022 дар ҷаласаи худ тарҳи қонунеро баррасӣ кардаанд, ки “дар ҳолатҳои вижа” ба сокинони манотиқи марзии вилоятҳои Бодканду Ӯш додани силоҳро иҷозат медиҳад. Радио Азаттык хабар дод, ки ин тарҳи қонун дар қироати аввал алакай пазируфта шуд.
Вакили Жогорку Кенеш Марлен Маматалиев гуфт, ки дар пайи муноқишаи ахири рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли 2022 қарор ин шуд, то ҳама пешниҳодҳои садодода дар як санад гирд оварда шаванд. Маматалиев гуфт, дар назар аст, ки ба 4 қонун, аз ҷумла қонуни мобилизатсия, қонуни уҳдадории ҳарбӣ, қонуни силоҳ ва қонуни маъмурони манотиқи марзӣ тағйирот ворид карда шавад.
Ӯ афзуд: “Баъди ҳаводиси Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбатҳо доштем. Онҳо хостанд, ки ба сокинон имкони басиҷи ихтиёрӣ дода шуда, маҳдудиятҳои марбут ба синну сол аз байн бардошта шаванд. Дар он ҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки шикорчиянд, омодагии ҳарбӣ доранд. Ҳамчунин, мо пешниҳод дорем, ки ба қонуни силоҳ тағйирот ворид карда, дар бархе ҳолатҳо бидуни ба инобат гирифтани собиқа ҳам ба аҳолии ин манотиқ силоҳ дода шавад. Ин ба маъное нест, ки ба ҳама ва даррав силоҳ бидиҳанд. Тартиби додани силоҳро бояд ВКД муайян кунад. Ҳамту бе пурсиш силоҳро дар байни мардум тақсим нахоҳанд кард”.
Қаблан вакили Жогорку Кенеш Улан Бақасов тарҳи қонунеро пешниҳод кард, ки тақсими силоҳ дар байни сокинони манотиқи марзиро иҷозат медиҳад. Ин тарҳи қонун дар маърази муҳокимаи умумӣ гузошта шудааст.
Моҳи майи соли 2021, дар пайи муноқишаи қаблии хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки 55 кушта (36 нафар аз тарафи Қирғизистон ва 19 нафар аз тарафи Тоҷикистон) ва беш аз 240 захмӣ ба ҷо гузошт, як гуруҳи вакилони парлумони Қирғизистон аллакай айни пешниҳоди ба сокинони манотиқи марзӣ тақсим кардани силоҳро дар байн гузошта буданд. Ин вакилон мегуфтанд, ки тақсими силоҳ ба сокинон аз ҳолатҳои таарруз ба якпорчагии қаламрави Қирғизистон пешгирӣ карда, ба ҳифзи хубтари марзҳои ин кишвар мусоидат хоҳад кард. Вале як сол пеш ин пешниҳоди тақсими силоҳ дар байни аҳолӣ дар ниҳоят пазируфта нашуд.
Муноқишаи ахир боис шудааст, ки вакилони парлумони Қирғизистон дигарбора ба баррасии ин пешниҳоди зидду нақиз баргарданд.
Қабули ин қонун собит месозад, ки Қирғизистон чун пештара нақшаи амалиёти нави ҷангиро мекашад. Бинобар ин, моро мебояд, ки ҳушёриро аз даст надиҳем.
Диловар ҚОДИРПУР, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ