Ғолибони Ҷоми Президенти Тоҷикистон маълум шуданд

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии бокс барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз рўи 13 вазн миёни мардон баргузор шуд.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони маҳаллӣ муштзанҳо аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Афғонистон низ ширкат карданд. Аз 13 вазн дар 11 вазн варзишгарони тоҷик ғалаба карданд, дар ду вазни дигар намояндагони Ӯзбекистон пирўз гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари ҷом ва медал бо ҷоизапулию туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ шуданд.

Дар вазни -48 кг Усмонҷон Мирзоев аз Тоҷикистон ғолиб шуд. Ў дар финал Умарқул Эрматови ӯзбекистониро шикаст дод. Дар вазни -51 кг Меҳроҷ Ҳамидов аз дастаи Душанбе дар финал Ҳабиби Раҳматуллоро аз дастаи ШНТМ мағлуб кард. Дар вазни -54 кг Муҳаммадалӣ Ҳасанов (Суғд) пирўз шуд. Дар вазни -57 кг низ намояндаи Суғд Хусравхон Раҳимов ҷомро ба даст овард. Дар вазни -60 кг Абдураҳим Ёқубов (Суғд) пирўз шуд. Дар вазни -63.5 кг Баҳодур Усмонов (Душанбе) ғолиб шуд. Дар финали вазни -66.5 кг ду намояндаи Ӯзбекистон Сулаймон Латипов ва Уткурбек Абдулқодиров бо ҳам ҳарб карданд ва пирўзӣ насиби аввалӣ шуд. Муштзани тоҷик Абдумалик Болтаев дар вазни -74 кг сазовори медали тило гашт. Ў дар финал бар Ашурбек Ҷиянов (Ӯзбекистон) дастболо шуд. Муштзани маъруфи Тоҷикистон Шаббос Негматуллоев дар финали вазни -80 кг соҳиби ҷом шуд. Дар вазни -86 кг Наврўз Ҷафоев (Тоҷикистон) ғолиб гардид. Дар вазни -92 кг Бобур Юлдошев аз Ӯзбекистон ҷойи аввалро сазовор шуд. Дар финали вазни +92 кг муштзани маъруфи кишвар Ҷаҳон Қурбонов дастболо шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *