Қирғизистон: Боздошти 30 нафар бо гумони табаддулоти давлатӣ (видео)

Дафтари матбуоти КДАМ-и Қирғизистон аз боздошти беш аз 30 нафар бо гумони даст доштан дар табаддулоти давлатӣ хабар дод.

«Шахсоне, ки нақшаи ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва беитоатиро бо мақсади ғасби зӯроварии минбаъдаи қудрат доштанд, боздошт шуданд»,- гуфтааст сухангӯи хадамоти матбуотӣ.

Гуфта мешавад, ки тавтеагарон беш аз сад нафар будаанд. Аз ин шумора ҳудуди 30 нафар боздошт шуда, ба гуноҳашон иқрор шудаанд.

Хадамоти амният видеоеро нашр кард, ки дар он боздоштшудаҳо гӯё нақшаи табаддулоти давлатиро баҳс мекунанд. Аз ҷумла, овози Роза Нурматова ба гӯш мерасад, ки мегӯяд «ба ҳар ҳол бетартибӣ мешавад».

«Дар ин ҳолат, нақши мо чӣ гуна хоҳад буд?,- мепурсад вай.- Бачаҳо ҳастанд, дар паси ҳар кадом даҳ нафаранд. Масалан, дар мо онҳое ҳастанд, ки ҳар кадомаш 10 ҳазор рубл медиҳанд”.

Нурматова изҳор менамояд, ки бояд рахна ва дастгир кард. «Масалан, ман дар дохил ба ин омодаам. Шумо бояд аллакай донед, ки чанд нафар бачаҳо ҳастанд, ба мо рақаму қувваи ҷисмонӣ лозим аст”,- нақл мекунад Нурматова.

Як нафари дигар дар паси парда мегӯяд, ки ҳамроҳ бо гурӯҳи 10-нафара аллакай деҳаи Манасро тарк кардааст. «Ман ҳоло бачаҳоро ҷамъ кардам, хеле дер шуда буд. Ман мехостам онҳоро дар Талас монам, аммо нахостанд, маълум мешавад, ки пул надоранд. Бинобар ин ҳамаро ҷамъ овардам. Зеро имрӯз хеле дер шудааст, пагоҳ мо маҷлис мекунем ”,- илова мекунад он мард.

Роза Нурматова соли 2012 ба ситоди ҷонибдорони Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев, ки ҳоло мутаносибан дар курсиҳои президенту раиси КДАМ-и Қирғизистон фаъолият доранд, сарварӣ мекард. Вай дар гузашта масъули бахши сиёсати иҷтимоӣ ва рушди фарҳангии ҳукумати Қирғизистон буд. Вай худро ҳимоятгари сохти шӯравӣ, урфу одатҳои куҳна ҳисобида, ба муқобили «арзишҳои ғарб» мебарояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *