Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Беинсоф

Яке ба дигаре мегуфт:

— Дарамро кўфт-кўфт, накушодам. Оқибат дарамро шикаста даромаду аз гулўям гирифт.

Гуфт:

— Наход?! Кӣ будааст ин беинсоф?

Гуфт:

— Нарху наво!

Тахаюлоти зан

Мард ба зан мегӯяд:

— Эҳ занҳо, дар ҳақиқат тахаюлоти бой доред. Ҳамин ки мард ягон хушгӯӣ кунад, дарҳол куртаи арӯсӣ, чанд фарзанд, пирии якҷоя дар ангораҳои хаёлатон давр мезанад.

Зан дар ҷавоб:

— Хато мекунед. Дирӯз дӯстдоштаам ҳангоми суҳбат баногоҳ номи духтари шиносашро ба забон овард. Дарҳол хаёлан онҳоро дар сари хиёнат қапида куштам, мурдаашонро пинҳон кардам, баъд ба милиса рафта, ба ҷинояти содиркардаам иқрор шудаму 10 сол зиндонӣ шуда, ба озодӣ баромадам. Ана ин аст тахаюлоти зан!

Пойи шикаста

Марде аз бом афтоду пояш шикаст. Ҳар кӣ ба диданаш меомад, қисса мепурсид. Аз нақл ниҳоят хаста шуду ҳодисаро ба коғазе навишт ва ҳар кӣ меомаду мепурсид, хомӯшона он коғазро ба ӯ медод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *