Қирғизистон талаботи созиши оташбасро вайрон кард

Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади Тоҷикистон бо Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Аммо  дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.

Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии  Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад», — афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон, ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хати сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад.

Ин амалҳо ба гуфтаи мақомот аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *