500 медали тило… Асрори дастовардҳои Литсей барои хонандагони болаёқати Хуҷанд дар чист?

Давоми соли таҳсили гузашта муҳассилини МД “Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд” дар беш аз 15 олимпиадаи фаннии байналмилалӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Тайланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок карда, қариб 500 медал (тило, нуқра ва биринҷӣ) ба даст овардаанд. Чӣ гуна чунин дастовард ба як муассиса даст дод? Асрори омода кардани болаёқатҳои воқеӣ дар чист? Ба ин ва дигар суолҳо директори литсей Сурайё Неъматзода посух гуфт.

— Муаллима, нахуст дар бораи литсей ба хонандагони “Тоҷикистон” каме маълумот диҳед.

— МД “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таълимии давлатӣ аст. Дар муассиса айни замон беш аз 600 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Беш аз 50 нафар омӯзгорони соҳибтахассус ба толибилмон дарс мегӯянд. Дар литсейи мо таълими аксари фанҳо, аз ҷумла фанҳои дақиқ пурра ба забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.

— Ин қадар омӯзгори донандаи забони англисиро аз куҷо пайдо кардед?

— Омӯзгорони мо ҳама кадрҳои дохилӣ ҳастанд. Аксарият донишгоҳҳои хориҷиро хатм карда омаданд. Хатмкардаҳои макотиби олии худамон низ ҳастанд. Таҷрибаи бисёрсолаи корӣ дар мактабҳо ва коллеҷу донишгоҳҳоро доранд.

— Хонандагони шумо фақат аз шаҳри Хуҷанд ҳастанд?

— Аз тамоми ҷумҳурӣ дар литсейи мо таҳсил мекунанд. Зодагони Душанбе ҳам ҳастанд, аз Кӯлобу Бохтар ва шаҳру навоҳии вилояти Суғд низ.

— Онҳое, ки аз оғоз дар литсейи шумо намехонанд, вале хоҳиши идома додани таҳсилро маҳз дар ин муассиса доранд, аз рӯйи кадом принсипҳо қабул карда мешаванд?

— Қабул шудан ба литсейи мо назар ба дигар мактабҳо каме душвор аст. Мо дар ҳайати 7 нафар устодон комиссияи қабул дорем. Аз толибилм аз забони англисӣ ва математика имтиҳон мегиранд. Агар холҳо мувофиқат кунанд, қабул мекунем, вагарна, не.

— Маблағ барои таҳсил чӣ миқдор муқаррар шудааст?

— Дар як моҳ аз синфи як то синфи чор 578 сомонӣ ва аз синфи панҷ то ёздаҳ 866 сомонӣ аст. Ин маблағи ҳақи таҳсил, хӯрок ва дарсҳои иловагӣ аст.

— Таълими шумо аз мактаби оддӣ чӣ фарқ дорад?

— Дар умум ҳамаи литсейҳо аз рӯйи як барнома, ки онро Вазорати маориф ва илми кишвар тасдиқ мекунад, дарс медиҳанд. Фарқияти мо ин аст, ки соати фанҳои дақиқ бештар ва таълим бо забони англисӣ аст. Дигар фарқияти мо зиёд будани соати дарсӣ аст. Дарсҳои мо ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ оғоз шуда, то соати 15 идома меёбанд. Дар байн як соат барои хӯроки нисфирӯзӣ ҷудо шудааст. Хонандагони синфҳои поёнӣ то нисфирӯзӣ дарси асосӣ ва баъди нифирӯзӣ дарси иловагӣ мехонанд.

— Дар шабакаҳои хабарӣ мехонем, ки соли гузашта хонандагони шумо наздики 500 медал дар олимпиадаҳо ба даст овардаанд…

— Бале, ин омор дуруст аст. Ахиран, Фирӯза Абдуллоева — хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо истеъдоди нодири забондонии худ аз забони англисӣ дар олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle” дар шаҳри Лондон соҳиби ҷоизаи “Уқоби тилоӣ” ва медали тило гашт. Дар шумораи гузаштаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” шумо дар ин бора мақола нашр кардед…

— Ин дастовард барои як муассиса афсонавӣ метобад. Чӣ гуна ба он ноил гардидед?

— Ин суолро бисёриҳо мепурсанд. Ин ҷо ҳеҷ асроре нест. Ин ҳама натиҷаи заҳмат аст. Дар литсейи мо омӯзгорон бо хонандагон кор мекунанд. Барои мисол дар муассисаи мо “Ҳаракати олимпӣ” ба роҳ монда шудааст, ки зиёда аз 470 нафар шомили он мебошанд ва яке аз шартҳои асосии ҳамроҳ шудан ба ҳаракат дар сатҳи олӣ донистани забони англисӣ аст. Дар доираи ин ҳаракат муҳассилин ба олимпиадаҳо омодагӣ мебинанд. Ҳамчунин, мо маҳфилҳои забони англисӣ, русӣ, хитоӣ ва олмонӣ дорем, ки хонандагон баъди соатҳои дарсӣ ройгон таълим мегиранд. Омӯзгорон баъди дарс бо хонандагон кор мекунанд. Талабот дар мо хеле зиёд аст. Дар хобгоҳи литсей, ки беш аз 100 нафар хонандагон истиқомат мекунанд, аз соати 19 то 21 низ хонандагон барои тайёрӣ ба фардо омода мешаванд ва омӯзгорон онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

— Машғулиятҳои пайваста барои хонандагон вазнинӣ намекунад?

— Ба хотири он ки хонандагони мо дилгиру хаста нашаванд, мо синфхона надорем. Дарсҳои мо дар кабинетҳои фаннӣ мегузарад. Хонандагон дар танаффус аз як синф ба синфи дигар мераванд, ҳам ҳавои тоза мегиранд, ҳам лаҳзае фориғ мешаванд ва ҳам дар фазои якранги синфхона дилгир намешаванд. Дигар ин ки, дар як синфи мо аз 10 то 20 талаба таҳсил мекунад. Синфи 20-нафараамон хеле кам аст. Ба фикри ман 20 талаба барои як омӯзгор зиёд аст. Барои таҳсили босифат дар як синф 12-14 нафар таҳсил кунад, кифоя аст. 

— Аз суҳбати шумо бармеояд, ки талабот ба омӯзгорон дар ин литсей зиёд аст. Барои ин шароити муаллимонро низ бояд ба назар гирифт. Шумо чӣ кумакҳо ба муаллимон мекунед?

— Омӯзгорони мо назар ба дигар мактабҳо маоши хуб мегиранд. Чанд нафар муаллимони варзида бо пешниҳоди мо аз тарафи Вазорати маориф ва илми кишвар бо нишони “Аълочии маориф ва илми ҶТ” қадрдонӣ шуданд. Кӯшиш кардем, ки чанд нафарашонро аз тарафи соҳибкори инфиродӣ бо хона таъмин кунем. Омӯзгороне, ки аз ноҳияҳои дигар, барои мисол аз Душанбе, Кӯлоб, Бадахшон ва ноҳияҳои дурдаст дар мо фаъолият мекунанд, дар хобгоҳи муассиса бо ҷойи истиқоматӣ таъмин гардидаанд.

— Шумо чанд сол шуд роҳбари литсей ҳастед?

— Соли сеюм аст, ки роҳбари литсей ҳастам. Бояд зикр кунам, ки муваффақиятҳои мо аз дастгириҳои Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи Раиси вилоят аст, ки мо аз онҳо сипогузорем.

Мусоҳиб: О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *