ДМТ дар ду озмун соҳиби 7 ҷоиза шуд

Ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» вохӯрӣ намуда, барои фаъолияти минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.

Бино ба иттилои ДМТ, бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» миёни донишҷўён, магистрантон, докторантон аз рўйи ихтисос (Ph.D) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» бо иштироки роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ доир шуд.

Тибқи хулосаву баҳогузории комиссияи экспертии озмун кори беҳтарини илмию тадқиқотӣ ва лоиҳаҳои ихтироотии донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёну докторантон аз рўи ихтисос (Ph.D) муайян гардида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмунҳои мазкур иштирок намуда, соҳиби 7 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *